Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Мол диҳӣ мард ба даст ояд,
Вар надиҳӣ, зуд шикаст ояд.
Даҳум, барои салоҳи мулк пайваста бояд, ки мунҳиён (хабаррасон) ва ҷосусон баргуморанд, то аз ҷонибу атроф ба вай хабарҳо оранд ва аз ҳар гӯша, ки фитна сар занад дар тадоруки он кӯшиш кунад. Овардаанд, ки Соҳиб ибни Ибод мулозими Фахруддавлаҳи Дайламӣ буд ва аксари авқот дар Шероз нишастанд. Иттифоқ афтод, ки се рӯз пеши малик нарафт. Сабоҳи чаҳорум ба мулозамат расид. Фахруддавлаҳ пурсид, ки сабаби тахаллуфи се рӯз чӣ буд? Соҳиб гуфт: «Парерӯз мунҳии мо аз тарафи мамлакати Хито(й) омад ва тақрир кард, ки хони Хито(й) ба вақти он, ки ба фаррошхонаи худ мерафт бо яке аз аркони давлати худ бо мушоварат сухан мегуфт. Се рӯз аст, ки дар андешаам, ки чӣ гуфта бошад ва тафаҳҳуси лашкар мекардам ва дар дафъи тааррузи ӯ чораҳо месохтам, то имрӯз сабоҳ қосиди дигаре расид, ки ӯ таҳияи лашкаре мекард ва ба яке аз атрофи мамлакати худ мефиристод. Хотирҷамъ кардам ва ба мулозамат омадам. Умарову вузароро назари тафаҳҳуси аҳволи салотин, то ин ғоят буда, бо вуҷуди ин ки Хито(й) куҷо ва Шероз куҷо ва қабл аз ин дар боби мунҳиён ва арбоби ахбору эълом ду-се калима гуфта шуд».
Қитъа:
Чу забти мулк муфавваз ба туст, ҷаҳд намой,
Ки аз ҷонибу атроф бохабар бошӣ.
Ба теғи қаҳр сари фитнаҷӯй бардорӣ,
Ва дафъи тири бало халкро сипар бошӣ.
Ёздаҳум, бояд ки василаи он шавад, ки фақиронро ба султон расонад ва воситаи он гардад, ки мазлумон ва додхоҳонро пеши подшоҳон дарорад, то дарди дили худ пеши табиби доруишафои адолат тақрир карда, шарбати шифои мурод нӯш кунанд ва ҳар амире, ки рӯҳё аз хавфи ӯ ба хизмати султон натавонанд расид, бар мисоли он аст, ки чӯи оби софе бошад ва наҳанг дар он об ҷой гирифта ва лабташнагон ба он об муҳтоҷ бошанд ва аз ҳайбати ӯ гирди он натавонад гашт.
Қитъа:
Чу дорӣ ихтиёре ончунон кун, Ки дарвешон зи ту осуда гарданд.
Мабош он навъ, к-аз дасти ҷафоят Ба зери пойӣ ғам фарсуда гарданд.
Дувоздаҳум, бо зердастон чунон зиндагӣ кунад, ки хоҳад зердастон бо ӯ ҳамчунон маъош кунанд ва дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки: «Ҳар ки раҳм накунад бар ӯ раҳмат накунанд. Ва касе ки бар халқ набахшояд бар ӯ набахшоянд». Дар хабар омадааст ки бибахшоед бар касе, ки аз шумо фурӯтар аст, то раҳм кунад бар шумо касе, ки аз шумо бартар аст. Назм:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор