Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ғами зердастон бихӯр зинҳор,
Битарс аз зердастии рӯзгор.
Сулук он чунон кун ба халқи ҷаҳон,
Ки хоҳӣ, ки бо ту кунанд ончунон.

Аммо одоби вузаро зиёда аз ҳама аркони давлат бояд, зеро ки ҳеҷ коре бар даргоҳи салотин аз вазорат сахттар нест, чи бар вай ҳасад бисёр мебаранд ва ҳасудони ӯ бештар мулозимони подшоҳанд. Хусусан ҷамъе, ки дар муносиб ва мудохил бо ӯ мусоҳим ва мушорик бошанд, лоҷарам тамаъ пайваста дар мансаби ӯ мебанданд ва домҳои макру ҳилла бозкашида мутарассиди (интизори) онанд, ки ӯро дар доме афкананд, ки рӯйи халосӣ набинад ва бар ин тақдир ӯро ҳеҷ тадбире беҳ аз ростӣ ва камтамаъӣ нест. Бояд ки дақиқае дар боби одобу шарти вазорат фурӯ нагузорад, то ангушт бар ҳарфи ӯ наниҳанд ва бузурггон гуфтаанд, ки чун касе муҳимми худро ба покӣ гузорад, айбҷӯёнро дар ӯ маҷоли дахл намонад. Фард:

Киро расад, ки кунад айби домани покат,
Ки ҳамчу қатра, ки бар барги гул чакад покӣ.

Бузургмеҳрро пурсиданд, ки лоиқи вазорат кист?
Гуфт: «Он ки ӯро чаҳор ва се ва ду ва яке бошад».
Гуфтанд, ба тафсил баён кун. Гуфт: «Яке аз чаҳор ҳушёрӣ, ки саранҷоми корҳо бидонанд. Дуввум, бедорӣ, ки худро пеш аз вақт дар маҳолик наяндозад. Саввум, далерӣ дар сохтани корҳои бузург. Чаҳорум, ҷавонмардӣ. Аммо он се яке он аст, ки чун аз хизматгорон хизмат накӯ бинанд зуд ӯро дар мукофоти он дилнавозӣ намояд. Дуввум, ҷамъе, ки аз фармони ӯ саркашанд, молиш диҳад. Саввум, ҳаводиси рӯзгорро омода бошад. Он ду яке он аст, ки ҷониби подшоҳро риоят кунад ва дигар аз ҷониби раият ғофил нагардад. Ва яке он аст, ки дар ҳеҷ кор аз ҳақ субҳонаҳу фаромуш накунад. Дар ҳадис омада, ки «чун худои таоло бо амире, яъне бо касе, ки соҳиби амр ва худованди фармон бошад некӯйӣ хоҳад, ӯро вазири росткор ва дурустгуфтор бидиҳад, то агар нуктае аз қавоиди маъдалат фаромӯш кунад, он вазир ёдаш бидиҳад ва агар ёдаш бувад, вазир ӯро мададгорӣ намояд ва агар ҳақтаоло бад-он амир ғайри ин хоҳад, ӯро вазири нохушкирдор бидиҳад. Агар вақоеи адл фаромӯш бикунад, ба ёдаш надиҳад ва агар ба ёдаш бувад, ӯро бар он ионат ва имдод накунад». Пас, вазири ки ба сифати ростӣ ва покӣ мавсуф аст, мададгори султон бошад дар тамҳиди аркони адл. Маснавӣ:

пешина
аз 242
навбатӣ