Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Шонздаҳум, агар бар кайди фосиде ва макри муфсиде ғамзу сиъоти (суханчинӣ) муониде (душман) вуқуф ёбад, чунон зоҳир кунад, ки ӯро ба дил ҳеҷ бок нест ва назди султон ҳашму кина аз эшон зоҳир накунад, ки муаккиди сухани эшон гардад ва агар дар мақоми саволу ҷавоб ва мунозараву ҷидол афтад, ҷавоб аз рӯи ҳилму виқор гӯяд, хиффат ва сабуксарӣ накунад, ки ғалаба ҳамеша дар ҷониби ҳилм мебошад.
Ҳафдаҳум, худро ба салотин чунон намояд, ки ба андак калима ва камтар ишорате, ки шоҳ фармояд, тамоми амволу ҳамагии ҷиҳоти худро базл хоҳад кард, ки чун чунин кунад моли ӯ аз тамаъи подшоҳ эмин шавад, чӣ онро аз худ донад ва ҳамон дар тасарруфи худ шиносад.
Ҳаждаҳум, касеро ки амал медиҳад бояд, ки аз рӯин тааммул ва фикр бисёр бошад ва то борҳо наёзмуда бошад бар вай эътимод накунад, то дар охири кор мунфаилу шармсор нагардад.
Назм:
Ба ақлаш бибояд нахуст озмуд,
Ба қадри ҳунар пойгоҳаш фузуд.
Ба айём то бар наояд басӣ,
Нашояд расидан ба ғаври касе.
Нӯздаҳум, ба коре ки рафтан дар ӯ осон аст ва берун омадан душвор, шурӯъ нанамояд, ки бузургон гуфтаанд. Байт:
Ту ба муҳимме, ки дароӣ нахуст,
Раҳнаи берун шуданаш кун дуруст.
Аммо арбоби қалам яке дабиронанд ва тааллуқ ба султон доранд ва девони иншо тааллуқ ба эшон, бишояд, ки эмин бошанд ва мӯътамиду кофӣ ва хуштабъ, тундфаҳм ва аз истилоҳот бохабар. Аз ҳаким Арасту пурсиданд, ки ҳоҷиби подшоҳ беҳтар ё котиби ӯ? Ким фармуд, ки ҳоҷиб ҷузви ӯст ва котиб кулли ӯст, агар дабире латифтабъ афтад, кифоятҳои некӯ тавонад кард. Овардаанд, ки подшоҳи Эрон одате дошт, ки дар ҳарбҳо фавҷе аз баргузидагони лашкарро ҷомаи сиёҳ пӯшонид, чун ҷанг сахт шуд бифармуд, то сиёҳдорон пеш афтандӣ ва он ҷангро ба сар бурдандӣ. Вақте иттифоқ афтод, ки подшоҳи Тӯрон, ки панҷоҳ ҳазор мард дошт, масоф кашид. Чун ҳар ду лашкар дар муқобили якдигар биистоданд, шоҳи Эрон бо баъзе хавосс аз аҳли масофи худ бар баландӣ истода буд. Чун истоди лашкар ва касрати лашкари ӯ бидид, хост, ки ин рӯз ҳарб накунад ва ба дасти худ бар коғазе навишт, ки сиёҳдоронро бигӯед, то бозпас истанд. Дабир марди оқил буд, донист, ки агар лашкар бозгардад, хасм қавӣ шавад ва имкон дорад, ки зафар ёбанд. Дарҳол қалам бардошт ва нукта дар зери сиёҳдорон зад, то сипоҳдорон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор