Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Чун хати эшон ба сиёҳдорон, ки умарои лашкар буданд расид, тасаввур карданд, ки сипоҳ ва мададе расида бо эътимоди тамоми лашкарро пеш карданд ва худ аз ақиб истода ҳамла карданд. Лашкари душман аз ин ҷуръат ва савлат аҷаб дошта мунҳазим шуданд ва ба мадади сиёҳдорон ҳоҷат баромад, дабир сурати ҳол ба арз расонид, шоҳ ӯро бисутуд ва навозиш кард ва фармуд: «Дабир чунин бояд, ки ба як нукта панҷоҳ ҳазор мардро ҳазимат диҳад!»

Ва дигар дар боби дабирон ҳикояте аст, ки подшоҳе ба подшоҳе навишта буд, ки пеш аз он ки ту худро бар ман занӣ, ман худро бар ту хоҳам зад. Аркони давлат фурӯ монданд, ки дар ҷавоби ин сухан чӣ нависанд. Дабири султон марди хушзеҳн буд, гуфт: «Ман ҷавобе бинависам, ки ҳамаи шуморо писанд афтад». Пас, навишт, ки ману ту шиша ва сангем, хоҳ санг бар шиша занӣ, хоҳ шиша бар санг. Ҳама аъёни ҳазрат ин ҷавобро писандиданд. Фард:

Сухан, кон аз сари дониш нависад,
Ба назди оқилон мақбул бошад.

Дигар амалдоронанд ва эшон мутааллиқ ба вузаро мебошанд ва омил бояд, ки некнафс ва хушхӯй бошад ва аз ҳирсу тамаъ барканор бувад. Нӯшервон фармуд, ки омил бояд, ки дастбаста бошад ва ҳам дасткушода. Яъне ба некӣ даст бикушояд ва аз хиёнат даст бандад ва дигар бояд, ки расми бад наниҳад ва қонуни номуваҷҷаҳ вазъ накунад, ки ҳам подшоҳро бадномиӣ орад ва ҳам худро ба нафрини халқ гирифтор кунад. Овардаанд, ки вазире омилеро ба ҷое фиристода буд. Омил навишт: «Агар фалон кор бикунам зари бисёр ҳосил мешавад». Вазир дар ҷавоб навишт, ки бозори авонон пеши мо бисёр қосид аст ва забонҳои эшон гунг ва дастҳои эшон бағоят кӯтоҳ. Панҷ рӯзе, ки ту дар корӣ чунон макун, ки сабаби бадномии мо ва воситаи лаънату хории худ шавӣ. Ва дигар бояд тасаввур накунад, ки агар подшоҳ ё вазир ё амир аз ӯ розианд, ҷониби раият саҳл аст, зеро ки касеро ки чандин ҳазор кас хасм бошад, чӣ гуна саломат тавонад буд. Бале, агар руаё хушнуд бошанд, тарафи подшоҳ саҳл аст.

Овардаанд, ки яке аз хулафо шахсеро ба амал фиристод ва ӯ бирафту чандин расмҳои накӯ барандохт ва қоидаҳои бад ниҳод ва моли бисёр ҳосил кард ва чун пеши халифа омад, халифа аз ӯ биранҷид ва мусодараҳо (товонҳо) фармуд. Муддате дар зиндонҳо андохт. Баъд аз он фармуд, то бар амал равад ва даҳ-понздаҳ сол гузашт. Мол биёвард. Он амалдор ҳайрон шуд ва бо шайх дар он боб мушоварат кард ва шайх фармуд: «Қабул кун, боке нест, аммо имсол расмҳои нек бинеҳ ва бидъатҳо барандоз ва ризои раият ҳосил кун ва вазоифи дарвешон ва абророт ва актоҳот ба тамом бидеҳ ва бозой дар ӯҳдаи ман, ки ҳеҷ офат ба ту нарасад». Бирафт ва ба ҳамин тариқ, ки шайх фармуда буд, амал кард ва чун бозомад даҳ динори соли гузаштаро ҳашт динор овард ва бо вуҷуди ин рафъат ва отифат аз халифа ба нисбати вай ҳосил шуд. Он омил сабаби ин ду сурат аз шайх суол кард, ки дар соли гузашта кифоят бисёр кардам ва мол вофир овардам, уқубат кашидам ва имсол мол кам овардам, тарбият дидам. Шайх фармуд, ки дар он навбат чандин ҳазор мардум хасми ту буданд он натиҷа дод ва дар ин карат ин ҳама мардум шафиъи туанд, чунин самара медиҳад.

пешина
аз 242
навбатӣ