Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва аз ҳеҷ сифате сутуда ва хислате писандида номи накӯ бар сафҳаи рӯзгор ва зикри ҷамол бар авроки ҷароиди лайлу наҳор чунон боқӣ намемонад, ки аз шимаи эҳсону ҷавонмардӣ ва самти караму некӯкорӣ ва далели ин қавл он аст, ки чун аз вафоти Ҳотами Той дар ин таърих, ки санаи 891 ҳиҷрист, нӯҳ саду сию шаш сол гузашта ва чамани некномии вай ба пероиши санову таҳсин пероста. Байг:

Намонд Ҳотами Тойӣ, валек то ба абад,
Бимонд номи баландаш ба некӯйӣ машҳур.

Ва чун зоти ҳазрати Султон Ҳусаини Бойқаро. Қитъа:

Хусрави лашкаршикан, шоҳаншаҳи кишварситон,
Шаҳриёри шаҳриёрон, подшоҳи машриқин,
Сояи ҳақ, пури мутлақ хусрави соҳибкирон,
Шоҳ абулғозӣ Муъиззулмулку дин Султон Ҳусайн,
Он ки гӯяд инсу ҷон андер дуои ҳазраташ,
Хулди оллоҳу таоло зилла фи ал-хонақин.

Ба зевари рақами зотӣ ва хайлаи саховати ҷабалӣ музайин (ороста) ва муҳалло (зебу зинатёфта) ва ба шарафи ҷуду саховат ва касрати базлу улувву ҳиммат мушарраф ва муаллост (олӣ), пайваста инони рағбат ба савои истимоғи аҳволи аҳли караму мурувват ва ҳикоёти аҳли сахову футувват ва тафаҳҳуси аҳволу тафтиши ахбори эшон маътуф медорад ва аз ҷумла, шавоҳиди ин мақол он, ки дар ин вало фармони ҳумоюн шарафи нуфуз ёфта, ки каминаи бебизоъат Ҳусайн ал-Кошифӣ аз он чи аз қисасу осори Ҳотами Той, ки нафаҳоти корашу мурувваташ дар «Риёз-ус-сана ва афвоҳ» фасеҳ аст ва ламаъоти хуршеди базлу саховаташ чун рӯзи равшан бар ҳама оламиён возеҳ ва лоеҳ, дар китобе дида, ё аз азизе шунида бошад, ба иборати форсӣ дар қайди китобат орад, то бар камоҳии аҳволи ӯ вуқуфе том ва иттилое тамоми ҳосил ояд. Бар қоида сабти ин сутур иттифоқ афтод ва аз насабу ҳисаб ва ахбору осори Ҳотамӣ он чи дар таворихи мӯътабар ва катаби мавсуқ баҳо ба назар омада буд, шаммае боз намуд ва умедвор аст, ки мақбули назари кимёасари он ҳазрат

1 Маътуф — гардонида шуда ба тарафи чизе.

гардад, то камина ба қабули ин тӯҳфаи муҳаққар муаззаз ва сарафроз шавад. Байт:

Нақди равони ёр намудем гарчи нест
Дархурди ҳазрати ту нисори ҳақири мо.

Ровиёни боҳирулдироя ва мухбирони содиқулривоя ва донандагони ансобу насаб шиносандагони қабоили аъроб муттафиқанд бар он, ки араб аз насли Қаҳтон аст ӯ аз салби Аднон, аммо аъроби диёри Яман ҳама авлоди Қаҳтонанд ва аз билоди Яман ва Санъо ва Ҳазрмавту Адан ва Тағору ғайри он имораткарда ва падид овардаи ӯст. Ва Қаҳтон писари Худи пайғамбар аст, ки ӯро ба сурёнӣ Обид гуфтандӣ ва ӯ ба се восита ба Нӯҳи пайғамбар мерасад. Ва Қаҳтон писаре дошт Яъраб ном. Аввал, касе, ки ба забони арабӣ сухан гуфт, ӯ буд ва дар билоди Яман нишастӣ ва ӯро Абуляман гуфтандӣ ва ӯро писаре буд Яшҷаб ном ва Яшҷаб ба забони суриёнӣ хунрез бошад. Аз ӯ писаре бизод Зайд ном ниҳоданд ва баъд аз он ки бузург шуда пайваста ба сабо иштиғол намудӣ (яъне асир гирифтӣ ва ғорат кардӣ) ва бад-ин сабаб ӯро «Сабо» лақаб карданд ва Саборо се писаре буд: Куҳлон, Вамар ва Ҳумайр. Ва Куҳлонро худой фарзанде дод ва ӯро «Идад» ном ниҳод. (Ва Идад — баландовозро гӯянд). Ва ӯро писаре буд «Ҷулҳам» ном. Ҳамвора сафар кардӣ ва манозилу марохил тай фармудӣ. Ӯро Тай лақаб доданд ва падари қабилае шуд аз аъроби ман. Ва дар нисбат ба вай Той гӯянд ва Ҳотам аз фарзандони ӯст. Вай ба дувоздаҳ восита бад-ӯ мерасад ва аз банни Тай касе подшоҳӣ накардааст, аммо дар минёи эшон мардуми номдори бузург буданд ва падарони Ҳотамро ҳамеша мансаби бузурги қабила ва риёсати авлоди Тай мусаллам буда. Падари Ҳотам, ки Абдуллоҳ ибни Саъди Ҳашраҷ аст бо банни Лахм вуслат кард ва дар банни Лахм подшоҳон будаанд, чунончи дар таворих мусбат аст ва Ҳотам аз тарафи модар алоқае ба мулуку дорад ва вақте ки мутаваллид шуд, осори карам аз вай ба зуҳур пайваст, чунончи, аз модари Ҳотам нақл кардаанд: ки чун Ҳотамро бизод, ҳарчанд пистон дар даҳони вай ниҳодам қабул накард ва чандончӣ шир бар даҳони вай чаконидам даҳон боз накушод, то вақте ки кӯдаке бегонаро оварда бар канор гирифта сершир кардам, пас аз он Ҳотам пистонро фаро гирифт ва шир биёшомид. Ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳар касро аз азал чизе додаанд, ҳамроҳи ӯ ба олами кавну фасод фиристода ва дар ин маъни гуфтаанд. Байт:

пешина
аз 242
навбатӣ