Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Аз азал ишқи рӯҳат номзади ман шуда буд,
Бо худ овардам аз он ҷо на ба худ барбастам.
Ва осори бузургӣ бар сафҳаи ҷабҳаи ӯ ломеъ ва зоҳир буд.
Маснавӣ:
Бале, дар чаман ғунчаи тозарӯй
Зи аввал ҳувайдо кунад рангу бӯй.
Ҳам аз аввали субҳи гетифурӯз,
Намоён бувад равшаниҳои рӯз.
Ва Ҳотам дар кӯдакӣ бе акрону икфои худ таъом нахӯрдӣ ва ҳаргиз танҳо бар хон нанишастӣ ва соилонро ба дасти худ бе муовинати ғайре чизе додӣ ва дар исъофи муроди муҳтоҷон ба он миқдор, ки мақдур будӣ саъй намудӣ. Аҳли басорат симои бузургӣ дар башараи ӯ мушоҳида менамуд ва арбоби басират далоили бузургворӣ дар саҳафоти аҳволи ӯ мутолаъ мефармуд. Маснавӣ:
Чу диданд аҳли назар сӯи ӯ,
Шудандӣ ба сад дил дуогӯи ӯ.
Яке гуфтӣ, ин гавҳари дилфурӯз
Ҷаҳонгир хоҳад шуд охир чу рӯз.
Яке гуфт, ин маҳнавози сипеҳр,
Ба авҷӣ шавад бадри комил зи меҳр.
Алкисса, чун Ҳотам ба ҳадди булуғ расид ва ниҳоли қоматаш дар чамани иқбол боло кашид, ҳамаи авсофи ҳамида лозими зоти ӯ буд, магар эҳсон, ки мутааддӣ таъбир мешуд ва маҷмӯи хасоили сутуда мар табъи ӯро хос буд. Магар карам, ки ому шомил менамуд. Ба ҳар кафи гавҳарбораш дар ифозати аёдӣ (ба некӣ файз расондан) соҳиби файзеро хиҷил месохт ва карами амимаш (фарогиранда) дар таъмими эҳсон офтоби нурбахшро мунфаъил мегардонид. Маснавӣ:
Ба ҷуду карам баҳри заххор буд,
Кафаш рашки абри гуҳарбор буд.
Ба бахшиш тиҳӣ кард ганҷинаҳо,
Барафрӯхт аз меҳри худ синаҳо.
Байт:
Ба эҳсонаш фақирон шод гаштанд,
Зи кории суол озод гаштанд.
Чун Ҳотам ба ҷуду карам дар миёни қабоили мазкур ва ба номи некӯ дар эҳёи араб маъруфу машҳур шуд, ашрофи ҳар қабиларо савдои ин ҳол аз сувайдои дил (маркази дил) сар бизад ва аъёни ҳар дудмонро ғунчаи ин орзӯ дар чамани сина шукуфта шуд, ки ӯро дар силки мувосилат бо худ интизом диҳанд ва гавҳари садафи шарафи худро ба ҷавҳари кони эҳсон дар иқди издивоҷ кашанд ва Ҳотам аз он ҷо, ки иқтизои улувви ӯ буд, назари илтифот бар ҳеҷ як аз акфо ва акрон (карин) намеафканд ва инони қасд ба ҷониби касе, ки бузургтар аз ӯ дар қабоили аъроби Яман натавонад буд инъитоф (бозгаштан) медод ва охири ҳол ин фол ба номи «Мовия тамимия» даромад ва дар «Тӯҳфаи малакӣ» овардаанд, ки Мовия бинти Уфарз бузургзодаи араб буд бо насаби олӣ ва ҳасаб аз шоибаи нуқс холӣ... Маснавӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор