Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Нобиға ва Ясрабӣ ба сабаби бухлу разолат ба инфиоли тамоми аз маҷлис бархоста, рахти раҳил бар роҳила бастанд ва Ҳотам ба ҷиҳати карам ва улувви ҳиммат бар садри қабул нишаста ва қуръаи ихтиёр ба номи вай афтод. Пас ба толеъи саъд ва фоли нек Мовияро бо вай ақд бастанд ва сити шарафу овозаи бузургии Ҳотам бад-ин сабаб дар миёни араб музоъиф шуд. Байт:

Чун бад — ин аҳди муборак гашт Ҳотам сарфароз, Сити ҷоҳаш аз Яман бигрифт то ҳадди Ҳиҷоз.

Ва Ҳотамро аз Мовия ду писар омад. Бузургтарро Молик ном кард ва хурдтарро Адӣ. Ва чун бузург шуданд, пайваста мулозимати падар кардандӣ ва дар сафи хидмат ба расми ғуломон биистодандӣ. Рӯзе Ҳотам эшонро назди худ хонд ва гуфт: «Эй фарзандон, ҳеҷ саре дар олам бе савдое ва ҳеҷ табъе бе таманное нест. Мехоҳам, ки он чи орзуи дил ва матлуби хотири ҳар як аз шумост, бо ман дармиён ниҳед ва мултамису (илтимоскунанда) муддао ва мақсуду мутаманнои худро аз ман пӯшидаву пинҳон надоред, то бад-он бар куллиёти аҳвол ва муҷмалоти амонӣ ва омоли шумо истидлол кунам». Молик замини адаб бибӯсид ва баъд аз маросими дуъо гуфт: «Эй падари бузургвор, ҳамагӣ ҳиммати ман бар он масруф аст, ки маро моли бисёр ва матоъи бешумор бошад ва нуқуду ақмиша (шоҳӣ) ва хазоину дафоин бар амсолу акрон, балки бар маҷмӯъи аъёни замон мутафавқу муставли (ғолиб) бошам ва ғуломони корӣ ва аспиҷаи корзорӣ муайян ва мураттаб сохта, пайваста ба расми шикор савор шавам, ё дар майдони муборизат бо ҷамъе корзор кунам». Маснавӣ:

Маро майли разм асту азми шикор,
Каманду камон кардаам ихтиёр.
Каманд афканам, гурз гирам ба даст,
Нахоҳам лаби кишту ойини гашт.
Камон даркашам в-аз ниҳеби хаданг
Дили душманон хун кунам рӯзи ҷанг.

Ҳотам рӯ ба Адӣ кард, ки эй писар, ту чӣ мегӯйӣ ва макнуни замиру муроди хотири ту чист? Адӣ ҷавоб дод, ки тамоми ҳиммати ман мақсуд бар озод кардани бандагон ва банда сохтани озодон аст. Ҳамвора он хоҳам, ки бандаеро бихарам ва озод кунам, ба озодӣ карам варзам ва ӯро банда созам. Ҳотам гуфт: «Аз бародарат бӯи шуҷоат шунудам ва аз ту роиҳаи саховат истишмом мекунам». Адӣ гуфт: «Бар хотири мубораки шумо пӯшида нест, ки ҳар киро саховат ҳаст, ба шуҷоат эҳтиёҷ нест, чӣ сари гарданкашонро ба восираи некӯкорӣ дар тавқи итоат ва ҳаводорӣ метавон овард».

пешина
аз 242
навбатӣ