Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба эҳсон соз дилҳоро муқайяд,
Қаз эҳсон, дӯст гардад, душмани бад.
Пайи оромиши дилҳои аздод,1
Саховат аз шуҷоат беҳтар афтод.

Ва ман дар ин боб ҳикояте шунидаам ва ба ҷиҳати тақвияти ин сухан нақле дидаам, агар ташрифи иҷозат арзонӣ дорӣ ва ҳиммати олӣ баргуморӣ ба самъи шариф расонам.

Ҳотам дастурӣ дод. Адӣ гуфт: «Чунин истимоъ кардаам, ки яке аз салотинро сипаҳсолоре буд ба матонати рой ва нафози азм мавсуф ва ба лашкаркашию душманкушӣ дар он мамлакат машҳуру маъруф муқарраби малик ва умдаи мамолик будӣ ва подшоҳ аз тадбиру савобдиди ӯ адул нанамудӣ. Байт:

Аз ӯ тоза зуҳри гули хусравӣ,
Ба бозӯи ӯ пушти лашкар қавӣ.

Ва соҳибғаразон ба самъи малик расониданд, ки сипаҳсолори шумо аз ҷодаи итоат инҳироф хоҳад варзид ва сабили иноду исъён ва тариқи тамарруд ва туғёни маслук хоҳад дошт.
Подшоҳ андеша кард, ки агар ӯ инони азимат ба тарафи инъитоф диҳад, бисёре аз аъёни лашкар ва сарони сипоҳ дар мувофиқат омада, мухолифати мо пеш гиранд ва овозаи ёғӣ шудан ва тоғӣ гаштани ӯ ваҳме азим дар аркони мулк падид ояд ва футуре ҳар чӣ тамомтар ба қавоиди салтанат роҳ ёбад ва дар сари касоне, ки то ин соҳат қилодаи тоат дар гардани фармон доштанд ва дар силки бандагони даргоҳ мунтазам буданд, хаёли саркашӣ ва савдои нофармонӣ ҷой гирад. Пеш аз ҳудуси ин воқеа ва қабл аз вуқӯи ин ҳодиса иштиғол ба тадоруқ дар талаққии ӯ аз лавозим аст. Байт:

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард,
Дареғ суд надорад, чу рафт кор аз даст.

Пас, бо хоси давлат ва сарони мамлакати хеш машварат фармуд ва раъйи ҳамагон дар он боб бар он мукаррар шуд, ки ӯро банд бояд кард. Малик эшонро бар ҳусни тадбиру хубии раъй таҳсин фармуд,

1 Аздод — зидҳо.

офаринҳо кард. Ба тасвиби каломи эшон эҳтизозе (хушҳолӣ) тамом намуд ва рӯзи дигар он амирро талаб карда, ба мавзеи шарифтар аз маъхуд ӯро иҷлос фармуд ва ба лафзи гуҳарбори худ зикри маҳомид (хислатҳои нек) ва сияри сутудаи ӯ илалраъси халойиқ ба муболиғаи ҳар чӣ комилтар изҳор кард ва аз нафоиси хазоин ва нуқуду дафоини хеш ӯро ба азъофи (дучанд гардонидан) истеҳқоқ (шоистагӣ) ва манзилати ӯ тахсис дод. Мирони некӯрой, ки силоҳу савоб дар банд кардани ӯ дида буданд, дар маҳалли фурсат арза доштанд, ки сабаби таҳаллуф аз мақарри азимати ҳумоюн чӣ буд? Шох табассум намуда гуфт: «Ман раъйи шуморо хилоф накардам ва аз тадбири шумо инҳироф наварзидам, илло он ки хостам, ки ӯро ба маҳкамтар банде муқайяд созам ва ҳамаи аъзо ва аҷзои ӯро ба қайд даркашам. Баъд аз таҳаммул ҳеҷ қайде қавитар аз қайди эҳсон надидаам ва маҳалли қайди шоистатар аз дили ӯ мушоҳида накардам. Чун маҳалли ҳар қайде узви муайян аст ва банде, ки бар як ҷузъ афтад падид бувад, ки чӣ амал кунад. Пас хостам, ки қайде бар дилаш ниҳам, ки дил султон аст ва аъзою ҷавореҳ хадаму ҳашами вайанд. Ва чун асл ба қайди муқайяд гардад, аъзое ки атбоъанд ҳама низ бастаи ӯ шаванд. Ва дигар банди оҳанӣ бар узве, ки ниҳанд ба сӯҳон суда гардад ва банди караму эҳсон, ки бар дил ниҳоданд, ба ҳеҷ чиз суда нашавад ва дар амсол омадааст ки: «Ал-инсон абиду-л-эҳсон». Ваҳширо ба дом тавон гирифт ва одамиро ба эҳсону инъом. Маснавӣ:

пешина
аз 242
навбатӣ