Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Бибахш, эй писар, к-одамизода сайд
Ба эҳсон тавон кард, ваҳшӣ ба қайд.
Адуро ба алтоф гардан бибанд,
Ки натавон буридан ба теғ он каманд.
Чу душман карам бинаду лутфу ҷуд,
Наёяд аз ӯ ҳеҷ бад дар вуҷуд.
Ва ҳамчунон, ки подшоҳро ба хотири муборак расида буд, ноираи (оташ) хилофи сипаҳсолор бад-он макрамати бешумор мунтафӣ (хомӯш) шуд ва бехи кина аз самими синаи ӯ бад-он навозиши бисёр ба куллӣ мунқатеъ гашт ва чун бандагони софниййат ба хулуси тавийят (андеша, ният) камари хидматгорӣ ва ҷонсупорӣ бар миёни фармонбардорӣ баста, бақиятулумр аз мунҷали (ошкор) итоъат рӯй барнатофт.
Байт:
З-он навозишгарӣ, ки ёфт аз ӯ
Рӯи уммед барнатофт аз ӯ.
Ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки ғунчаи саховат аз самараи шуҷоат бештар аст ва дар шуҷоат иртикоби муҳотирот зарурист ва наҷот аз он амре машқуфия метавонад буд ва ба баракати саховат халосӣ аз маҳолику (хатарнок) маховиф (маҳалли хавфнок) мутаҳаққиқ аст ва ҳеҷ хирадманд дар он шубҳа надорад». Рубоӣ:
Бо ҳаркӣ саховат кунӣ они ту шавад,
Андар ҳама вақт мадҳҳони ту шавад.
Бо душмани хеш агар карам пеша кунӣ,
Шак нест, ки ёри меҳрубони ту шавад.
Чун Адӣ ҳикоят ба поён расонид, Ҳотам ӯро дар канор гирифта, бӯса бар сару рӯи ӯ дода фармуд: Ту беҳтарин фарзандон ва аввалтарини эшонӣ наздики ман. Байт:
Намирад он падаре, кин чунин халаф дорад,
Ки аз сифоти накӯ бар халаф шараф дорад.
Ва баъд аз он назари тарбият шомили ҳоли вай медошт ва чун Адӣ ба улувви ҳиммату карами ҷабаллӣ ороста буд ва билохира, шарафи мулозимати ҳазрати рисолат — (яъне пайғамбари худо) дарёфт ва хилъати ислом пӯшид ва дар адади саҳобаи киром маъдуд гашт ва шаммае аз он зикр карда хоҳад шуд.
Алкисса, чандончи Ҳотам бузургтар мешуд, сити саховату овозаи ҷавонмардии ӯ бештар мегашт, то вилояти Шом фурӯ гирифт ва ба мамлакати Рум расид ва дар он вақт султони Рум Ҳирқол буд, ки араб ӯро «Аъзим-ар-Рум» мегуфтанд. Чун овозаи карами Ҳотам шунид мутафаҳҳуси ахбор ва мутаҷассиси аҳволи вай гашт ва ба самъи подшоҳи Рум расониданд, ки ӯро маркабест бодпой ва асбе ҷаҳонпаймой чун тири хаданг дурдав ва чун умри гаронмоя зудрав на ба карамрӯйӣ ва оҳанхоӣ бо оташдамӣ мушобиҳат зада ва аз тезгомӣ ва хушхиромӣ ба бод тариқи ҳамроҳӣ супурда. Маснавӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор