Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ниҳояти ҷавонмардӣ он аст, ки аз сари ҷон бархезад, чуноне ки Хоҷа Хусрави Деҳлавӣ дар ин боб овардааст:
Ҳаст ҷавонмарди дирам сад ҳазор,
Кор чу бо ҷон фитад, он ҷост кор.
Ҳақиқат он аст, ки ақсоми ҷавонмардӣ мунҳасир (ғунҷондашуда) дар ду сифат аст: яке нафъ ба дӯстон расонидан ва он ба саховат ҳосил шавад ва дуюм зарари душман аз эшон боздоштан ва он ба шуҷоат вуҷуд гирад...
Нори хандон боғро хандон кунад,
Сӯҳбати мардон-т аз мардон кунад.
Санг агар хорову гар мармар бувад,
Чун ба соҳибдил расад гавҳар шавад.
Агар пурсанд, ки аркони футувват чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ: шаш рукни зоҳир ва шаш рукни ботин. Аммо аркони зоҳирии футувват аввал, банди забон аст аз ғайбат ва бӯҳтону кизб (дурӯғ) ва сухани беҳуда. Ва аҳди футувват аз касе дуруст аст, ки аз забони ӯ мардум ба саломат бошанд:
Агар мардӣ, забони худ нигаҳ дор,
Зи кизбу ғайбату бӯҳтону озор.
Дуюм, банди самоъ аст аз ношуниданиҳо, чунончи... шунавандаи ғайбат аз ҷамъи ғайбаткунандагон аст:
Дигар бибанд гӯш зи ҳар ношуниданӣ,
К-аз гуфтугӯи ҳазл шавад ақл торумор.
Сеюм, банди басират аз нодиданиҳо, чунончи:
Чашм бипӯшону мадеҳ, дил зи даст,
К-аз назари туст балое, ки ҳаст.
Чаҳорум, банди даст аст аз гирифтани ҳаром ва озурдани халқ:
Дасти худро бибанд аз озор,
Лек бикшо ба додани динор.
Панҷум, банди қадам аст аз ҷое, ки набояд рафт ва ба ғаму кина ва озори халқ қадам наниҳодан:
Пой бибанд аз раҳи норафтанӣ,
То ки дар ин роҳ ба ҷое расӣ.
Шашум, банди шикаму фарҷ аст, аз хӯрдани ҳаром ва кардани зино, ки албатта аҳди футувват аз зино дуруст набошад ва уқди футувват аз ҳаромхор рост наояд:
Иффати фарҷу батн мебояд,
То дилат аз футувват орояд.
Аммо он шаш рукни ботин аввал саховат аст, ки бе суол ато кунад ба маҳал ва мулоҳизаи истеҳқоқ намояд:
Саховат кун, ки ҳар кас кӯ сахӣ буд,
Раво набвад, ки гӯям дӯзахӣ буд.
Дуюм, тавозӯъ аст, ки касро беҳ аз худ донад ва бо ӯ фурӯтанӣ кунад:
Такаббур кунад пояи мард паст,
Тавозӯъ туро беҳтар аз ҳар чӣ ҳаст...
Сеюм, қаноат аст... Ҳар меҳнате шиддате, ки ба халқ мерасад бештар аз ҳирси бешталабӣ аст, чунончи дар «Маснавӣ» Мавлавӣ мефармояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор