Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Косаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Чаҳорум, авфу марҳамат аст. Яъне бар халқ шафқат кардан ва аз сари гуноҳи эшон даргузаштан ва ба он миқдор, ки мақдур (мувофиқи қудрат ва имкон) бошад, бо эшон некӯӣ варзидан ва меҳрубонӣ намудан:
Меҳрубонӣ кун, ки марди меҳрубон
Дорад аз асли ҷавонмардӣ нишон.
Панҷум, нафйи (инкори) уҷбу нахват (ғурур) аст, яъне ҳарчанд аз вай аъмоли шоиста дар вуҷуд ояд, бояд ки бад-ӯ мағрур нашавад ва муъҷаб нагардад, ки иблис ба воситаи нахват малъуну мардуди абад гашт:
Шайтон зи уҷб нокису малъунтар аст,
Ҳар кас, ки уҷб кард, зи иблис батар аст.
Шашум, таваҷҷӯҳи тамоми ба мақоми қурбу васлат аст, яъне хонаи дилро ба ҷорӯби риёзат аз хасу хошок пок созад, то тахтгоҳи тоҷи султони ишқ гардад... ва модом ки дил аз ғавғои тааллуқ пок нашавад, назаргоҳи муҳаббати дӯст нахоҳад шуд:
То дил аз занги тааллуқ нашавад софии ҳол,
Аз паси пардаи ғайбат нанамоянд ҷамол.
Агар пурсанд, ки шароити футувват чанд аст, бигӯй ҳафтоду як: чилу ҳашт вуҷудӣ ва бисту се азалӣ. Аммо он чи вуҷудӣ аст, аввал, ислом; дуюм имон; сеюм, ақл; чорум, илм; панҷум, ҳилм; шашум, зуҳд; ҳафтум, вараъ; ҳаштум, сидқ; нӯҳум, карам; даҳум, мурувват; ёздаҳум, шафқат; дувоздаҳум, эҳсон; сездаҳум вафо; чордаҳум, ҳаё; понздаҳум, таваккал; шонздаҳум, шуҷоат; ҳабдаҳум, ғайрат; ҳаҷдаҳум, сабр; нуздаҳум, истиқомат; бистум, насиҳат; бисту якум, таҳорати нафс; бисту дуюм, аълоҳимматӣ; бисту сеюм, пӯшидани асрор; бисту чорум, раҳм; бисту панҷум, мутобиқати шариат; бисту шашум, амри маъруф:... бисту ҳаштум, ҳурмати волидайн; бисту нӯҳум, хидмати устод; сиюм, ҳаққи ҳамсоя; сиву якум, нутқи бо савоб; сиву дуюм, хомӯшӣ аз рӯи дониш; сиву сеюм, талаби ҳалол; сиву чорум, ифшои салом; сиву панҷум, сӯҳбат бо некон ва поқон; сиву шашум, сӯҳбат бо оқилон; сиву ҳафтум, шукргузорӣ, сиву ҳаштум, дастгирии мазлумон; сиву нӯҳум, пурсиши бекасон; чилум, фикрат ва ибрат; чилу якум, амал ба ихлос; чилу дуюм, амонатгузорӣ; чилу сеюм, мухолифати нафсу ҳаво; чилу чорум, инсоф додан; чилу панҷум, ризо; чилу шашум, аёдати мариз; чилу ҳафтум, дурӣ аз ноҷинс; чилу ҳаштум, мудовамат бар зикр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор