Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Эй атобахше, ки то дасти карам бикшодаӣ,
Фақру фоқа рӯ ба саҳрои адам овардаанд.
Чун зару сими ҷаҳонро нест бар дастат қарор,
Кони симу зар зи ҳайрат хок бар сар кардаанд.

Ман марде бағоят хурдам ва атои ту бисёр бузург аст, атои ту магар чорпои ту бардорад. Ҳотам бихандид ва бифармуд, то шутури сурхмӯйе ба вай доданд.
Ҷомаи қимате дар ӯ пӯшонид, аъробӣ савор шуд ва анбони зар дар пеш гирифта, меронду мегуфт: «Саволи асирона кардаму наволе амирона ёфтам. Хоҳише кардам фарохури кори хеш ва атое ба ман расид аз андоза ва миқдори ман беш». Байт:

Қатрае мехостам, баҳре падид омад маро,
Як ҳадаф кардам ҳавас, сад уқди гавҳар ёфтам.

Яке аз муқаррибони Ҳотам забони эътироз кушода ба арз расонид, ки матолиби ин соил аз шумо анбони орд буд ва бас, маблағе зар чаро бад-ӯ бояд дод?
Бузургон гуфтанд: Наволи ҳар кас фарохӯри суоли ӯ бояд ва агар зиёдат бувад ҳавсалаи ҳиммати ӯ барнатобад. Байт:

Дарҳури ҳавсалаи пашша набошад ҳаргиз,
Луқмае, кон аз ҷиҳати фил муҳайё гардад.

Ҳотам гуфт: «Ӯ фарохӯри қисмати худ хост ва ман муносиби ҳиммати худ додам». Маснавӣ:

Агар андархӯрӣ худ хост соил,
Маро охир куҷо шуд ҷуд шомил.
Набинам он, ки соил бас забун а-
-тои хешро бинам, ки чун аст.

Ва дар китоби «Бӯстон» мисли ин ҳикояте овардааст. Маснавӣ:

Зи бунгоҳи Ҳотам яке пирамард,
Талаб даҳ дирам санги фонид кард.
Зи ровӣ чунин ёд дорам хабар,
Ки пешаш фиристод тунге шакар.
Зан аз хайма гуфт: Ин чӣ тадбир буд,
Ҳамон даҳ дирам ҳоҷати пир буд.
Шунид ин сухан номбардори Той,
Бихандиду гуфто: дилором, хой!
Гар ӯ дархӯри ҳоҷати хеш хост,
Ҷавонмардии Ҳотами Тай куҷост?!

Ҳикоят. Дар китоби «Зулол-ус-сафо фи сират-ул-Мустафо» овардаанд, ки Ҳотам қудвати аъзам ва зубдаи караман ва тирозхонаи сахо ва унвонномаи ато буд. Рӯзе танҳову пиёда дар саҳрое мерафт. Ҷамъе аъроб ба вай расиданду аз қабилаи Аъодӣ худ асире гирифта ва банд карда ҳамроҳ мебурданд. Он асир Ҳотамро бишнохт ва оғози истиғоса (ёрӣ хостан) карда, тарҳи истионате (ёрӣ) афканду гуфт: Қитъа:

Эй кариме, ки аз сахову карам,
Боғи уммед тоза месозӣ.
Чӣ шавад, гар чунончӣ одати туст,
Ин раҳиро ба лутф бинвозӣ,
Мешавам ман халос агар ту ба ҷуд
Назаре ҷониби ман андозӣ.

пешина
аз 242
навбатӣ