Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Иттифоқан, Ҳотам ҳеҷ чиз бо худ надошт аз рӯи инфиол гуфт: «Эй дарвеш, нек накардӣ, ки номи некӣ маро ба боди нанг бардорӣ ва дар маҳалле, ки маро муфлис ёфтӣ, забони суол кушодӣ. Ҳаққо, ки дар ин вақт ба ҳар чӣ медоштам, тариқи мусомиҳат ва мусоидат фурӯ намегузоштам». Байт:
Ба дасте, ки холӣ бувад аз дирам,
Маҳол аст бо халқ кардан карам.
Пас, Ҳотам ҳарчанд гирди худ баромад, бар ямину ясор ҷуз ясору ямине надод ва дар худ қуввати он наёфт. Оқибат банд аз дасту пои ӯ бардошт ва дар дасту пои худ ниҳод ва шарти ишфоқ (меҳрубонӣ) ба ҷой оварда, рақами итлоқ (озодӣ) бар чаридаи ҳоли вай кашид ва худро муқайяд сохта, ӯро озод гардонид ва ҳамчунон дар он қайду занҷир мебуд, то вукалои вай бирасиданд ва ӯро ба маблағи касир аз он ҷамоъат бозхариданд ва бад-ин лутфу карам дар миёни тавоифи умами мазкур машҳур гашт:
Ҳотами Тай ба карам гашт фош,
Гар карамат ҳаст, дигар гӯ мабош.
Дар чамани даҳр ба қавли дуруст,
Ҳамчу карам ҳеҷ ниҳоле наруст.
Шоҳи карам меваи давлат диҳад,
Файзи азал рӯ ба каримон ниҳад.
Ҳотам бо вуҷуди сифати саховат аз дақоиқи ҳикмат низ баҳраманд буд ва фавоиди ҳукмиёти ӯ дар давовини (девон) араб ва таворихи эшон мусаббат аст. Аз ҷумла, он ки авлоди худро васият мефармуд, ки некӯкорӣ эҳсонро василаи инҷоҳӣ (муваффақ шудан) муродот ва зариъаи (андоза) ҳусули мақосид ва маромот созанд, ки матолиби ҷавонмардон бе саъю ҷаҳди эшон бар муқтазои иродат маҳсул гардад.
Байт:
Дари карам бикушоӣ, расад зи ғайб муродат,
Муроди халқ барорӣ, бароваранд муродат.
Ва дигар фармуда, ки даст аз дунӣ (нокас, сифла) бардоред, пеш аз он ки дунӣ даст аз шумо бардорад. Барои дафни ганҷ ранҷ нашояд, балки ба базли ганҷ ранҷро илоҷ кунед. Байт:
Чаро бояд кашидан аз ҷаҳон ранҷ,
Ниҳодан аз барои дигарон ганҷ.
Дигар гуфт: «Агар мехоҳед, ки азиз бошед, зарро хор доред, ки ҳар кӣ зар дар назари ӯ хор аст, ҳама кас ӯро азизу мукаррам доранд ва ҳар кӣ зарро азиз дорад, маҷмӯъ ӯро хору бемиқдор шуморанд». Қитъа:
Мол аз баҳри он ба кор ояд,
Ки аз баҳри танат сипар гардад.
Ҳар кӣ танро фидои мол кунад,
Молу тан ҳар ду бе сипар гардад.
Ҳар кариме, кӣ хор дорад зар,
Ҳар замоне азизтар гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор