Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Он чӣ бидиҳӣ, бе иваз ҷӯйӣ бадӣ оӣ,
Бошад ин худ одати савдогарон.
Ҷӯма донӣ чист? Базли бе иваз,
Дур будан аз риёву аз ғараз.
Ҳар чӣ дорӣ ҳар киро байте бидеҳ,
В-он чӣ бахшидӣ, бар он миннат манеҳ.

Ва мисли ин ҳикоят дар «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ мазкур аст. Мазмунаш он ки: Ҳотамро гуфтанд, аз худ бузургҳимматтар дидаӣ ё шунидайӣ? Гуфт: «Оре, азизе дидаам, ки ҳумои ҳимматаш сар ба ошёнаи анқо фурӯ наёвард ва тоири фикраш ҷуз ба зирваи (баландӣ) сипеҳри барин парвоз накард». Байт.

Зи олам дидан ҳиммат бибаста,
Ба дорулмулки истиғно нишаста.

Гуфтанд: «Шарҳи ин ҳол ва кайфияти ин мақол ба тариқи тафсил, на аз рӯи иҷмол, бо мо баён кун». Гуфт: «Рӯзе аз рӯзҳо чандин шутуру гӯсфанд забҳ карда будам ва умарои араб ба меҳмонӣ оварда, дар аснои ин аҳвол ба гашти саҳро берун рафтам, пири хорканеро дидам, пуштаи хоре фароҳам оварда ва ба машаққати бисёр хасу хошоке чандро ҷамъ карда». Гуфтам: «Эй дарвеш, чаро ба меҳмонии Ҳотам наравӣ, ки халқе бар мавоиди машҳун (пур) ба фавоиди ӯ нишастаанд ва базлҳои фаровон аз хони эҳсони ӯ дар баста». Дарвеш сар бароварду гуфт:

Байт:

Ҳар ки нон аз амали хеш хӯрад,
Миннати Ҳотами Тойӣ набарад.
Ман ӯро аз худ олиҳимматтар дидам.

Назм:

Манеҳ бар барраи бирёни кас чашм,
Қаноат кун ба нону тарраи хеш.
Назар дар курси моҳу суфраи чарх,
Макун бешаш зи нону суфраи хеш.

Ва Ҳотам дар соли ҳаштум аз валодати ҳазрати расолатпаноҳ сафари охират пеш гирифт ва аҷабтар он ки вафоти шоҳ Анӯшервон низ, ки дар адл бар салотини собиқи фоиқ ва дар майдони сабкат гӯйи насфат (барбод додан) аз подшоҳони мозӣ даррабуд.

Байт:

Ҷаҳонро ба доду диҳиш ром кард,
Ҳама корҳо аз пайи ном кард.

Дар ҳамон сол иттифоқ афтод. Ва ин ду кас, ки дар замони худ ба адлу карам саромади аҳли олам буданд, ба иттифоқи якдигар аз хиттаи (замин) фано ба сарои бақо риҳлат намуданд ва овозаи адолату дабдабаи саховат дар арсаи олам ёдгор гузоштанд.

Байт:

Гар набудӣ ҷуду адли Ҳотаму Нуширавон,
Кас ба некӯйӣ набурдӣ номи эшон дар ҷаҳон.

Оварданд, ки чун бисоти зиндагии Ҳотам тай шуд ва аҳли замон аз фавоиди ҷуду мавоиди эҳсони ӯ бебаҳра монданд, ин ҳол бар бани Той душвор омад.
Акобиру аъёни қабила тарҳи тадбир афканданд ва бо якдигар қуръаи мушовират гардонидан гирифтанд ва барои он ки номи саховат аз миёни эшон берун наравад ва ламъаи чароғе, ки Ҳотам ба карам афрӯхта вавоёи (гӯшаҳо) арабро ҳамчунон равшан дорад, баъд аз вуқӯи ихтилоф дар раъйҳо қарори кор бар он афтод, ки бародари Ҳотамро ба ҷои вай биншонанд ва ҳар як аз бузургони қабила бад-он миқдор, ки мақдури эшон бошад аз молу муҳтоҷ мусоидат намоянд ва ӯ хони саховат бар рӯи кофаи аном (ҳамаи мардум) аз хосу ом бикшояд, то бад-ин сабаб қоидаи карам дар миёни бани Той мумаҳҳад (паҳн карда шуда) ва асоси саховат дар он қабила маҳкаму машид (устувор) бимонад. Хабар ба модари Ҳотам расид.
Гуфт: Ҳайҳот, аз хаёли ботил ва фикри балобоил даргузоред ва ин байт хонд. Байт:

пешина
аз 242
навбатӣ