Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Байт:
Ба хонае, ки чунин меҳмон фуруд ояд,
Ҳумои бахт дар он ошён фуруд ояд.
Ман ба дидори писару модар хуш баромадам ва аз тозарӯйӣ ва хушхӯйии эшон шукуфтахотир ва шодмон гаштам. Пиразан писарро гуфт: Эй ҷони азизам, бар саҳни истеъҷол (таъҷил) ин гӯсфандро бисмил соз, то ҷиҳати меҳмон таоме муҳайё созем ва маҳзари дарвешона тартиб диҳем. Писар гуфт: Модар, нахуст биравам ва қадре ҳезум биёварам, ки табх (пухтан) бе ҳима муяссар намешавад ва дар хона омода нест. Модараш фармуд, ки эй писар, то ту ба саҳро равӣ ва ҳима орӣ дер кашад. Меҳмонро гурусна доштан аз
1 Заҳҳори — пурмаъ.
мурувват дур аст. Пас, беруни хайма ду найза буд. Пиразан берун давид ва он найзаҳоро фармуд, то дарҳам шикаст ва гӯсфандро забҳ кард ва филҳол таом сохта, назди ман оварданд, баъд аз тановули таом тафаҳҳус намудам, эшонро аз матоъи дунӣ ҷуз он гӯсфанду он ду найза дигар дар таҳти тамаллук (молик шудан) набуд ва аз муруввату саховати ҷабалӣ, ки доштанд, онро фидои меҳмон карда, ҳеҷ дақиқае дар хидматгорӣ фурӯ нагузоштанд. Байт:
Базл кардан баҳри меҳмон он чӣ бошад дастрас,
Аз бузургон хуб ояд, аз фақирон хубтар.
Ҳотам гӯяд, он пирзолро гуфтам, маро мешиносӣ? Гуфт: «Не». Гуфтам маро Ҳотами Той хонанд ва манзили хайлу ҳашами ман фалон сарост. Агар ба қабилаи ман оӣ дар ҳаққи ту ва писарат такаллуфе воҷиб дорам ва ҳуқуқи меҳмондории шумо чунончӣ шарт бошад, бигзорам. Зол ҷавоб дод, ки эй Ҳотам, номи туро шунидаам ва овозаи ту ба базли (бахшиш) наъам (ҳа, бале) дониста ва маро камоли он буд, ки ту марди муҳаззаб ва комил бошӣ. Надонистам, ки меҳмониро дар ҳайзи хариду фурӯхт меорӣ. Мо аз он ҷумла нестем, ки бар меҳмонӣ музд ситонем ё нону ош ба баҳо бифурӯшем. Саломат шав, ки мо гӯшаи ин бодияро ба равзаи Ирам баробар намекунем ва нону гараи худро аз мурғу барраи Ҳотам дӯсттар медорам.
Байт:
Мо мулки фақрро ба ду олам намедиҳем,
Дарде зи ҷоми фоқа ба сад Ҷам намедиҳем.
Чандончӣ ман дар ин боб муболиға намудам, ба ҷое нарасид ва омадан ба қабила қабул накарданд. Асбу силоҳ ва он чӣ ҳамроҳ доштам, бар эшон арз кардам. Ба ҳеҷ ваҷҳ назари илтифот бар он наяфканданд. Донистам, ки эшон аз ман ҷавонмардтар ва ба ситоиши караму саховат дархӯртаранд». Қитъа:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор