Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ва аммо он чӣ аз он эҳтироз бояд кардан: Аввал, мухолифат аст; дуюм, каломи қабеҳ гуфтан; сеюм, ғайбати некон кардан; чорум, мазоҳи бисёр кардан; панҷум, суханчинӣ кардан; шашум, бисёр хандидан; ҳафтум, хилофи ваъда кардан; ҳаштум, ба ҳиллаву макр бо мардум маош намудан; нӯҳум, ҳасад бурдан; даҳум, ситам кардан; ёздаҳум, ғаммозӣ кардан; дувоздаҳум, сарватҷӯӣ варзидан; сездаҳум, ҳарис будан; чордаҳум, амали дароз пеш гирифтан; понздаҳум, айби мардум ҷустану гуфтан; шонздаҳум, савганд бар дурӯғ гуфтан; ҳабдаҳум, тамаъ дар моли мардум кардан; ҳаждаҳум, хиёнат варзидан; нуздаҳум, бӯҳтон задан ва аз нодида хабар додан; бистум, хамр хӯрдан; бисту якум, рибо хӯрдан; бисту дуюм, зино кардан; бисту сеюм, бо мардуми бадмазҳаб мусоҳибат намудан. Ҳар кӣ ин ҳафтоду як шарт хабар надорад бӯи футувват (ҷавонмардӣ) ба ӯ нарасидааст...
Агар пурсанд, ки хислатҳои аҳли футувват чанд аст, бигӯй, ки аҳли футувватро аз даҳ хислат чора нест: Аввал, бо кори ҳақ ба сидқ; дуюм, инсоф ба халқ; сеюм, қаҳр ба нафси худ; чорум, бо бузургон ба хизмат; панҷум, бо хурдон ба шафқат; шашум, бо дӯстон ба насиҳат; ҳафтум, бо уламо ба тавозӯъ; ҳаштум, бо ҳукамо ба ҳилм; нӯҳум, ба душманон саховат; даҳум, бо ҷоҳилон ба хомӯшӣ...
Агар пурсанд, ки футувватро бо чӣ чиз ташбеҳ карданд, бигӯй бо дарахти ток... Агар пурсанд, ки ваҷҳи мушобиҳат ва муносибат миёни дарахту футувват чист, бигӯй, чуноне ки дарахтро бех, пӯст, шох, соқу барг ва шукуфаю мевае мебошад, ҳамчунин футувватро шохеву барге, соқеву пӯсте ва меваеву бехе ҳаст.
Агар пурсанд, ки ҳар яке кадом аст, бигӯй, бехи дарахти футувват, ки асли он аст ва бе он дарахт нашъунамо надорад ва баргу мева наёварад, муҳаббати пок аст.... соқи вай тавозӯъ, шохи вай бурдборӣ, барги вай парҳезкорӣ аст ва пӯсти вай адабу шарм аст ва шукуфаи вай хулқу лутф аст ва меваи вай саховату карам аст.
Агар пурсанд, ки мурувват чист, бигӯй, мурувват ҷузъест аз футувват, чунонки футувват ҷузъест аз тариқат...
ФАСЛИ ДУЮМ
Дар маънии тариқат ва он чӣ бад-он мутааллиқ аст. Агар пурсанд, ки тариқат чӣ маъни дорад, бигӯй, тариқат дар луғат роҳи ростро гӯянд. Дар истилоҳ сиратеро гӯянд, ки мактае (анҷом) бувад бар сулук аз қатъи манозил ва тараққӣ дар он мақомот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор