Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Сабрро шиори худ кардам ва рози худро ба касе нагуфтам.

Падидаҳои дигари ин ҷараёнро мо дар рафтори Мазайра ҳокими Табаристон мебинем. Шӯрише, ки бо сардории ӯ, ба муқобили хилофати аббосиҳо сар шуда буд, дар муддати кӯтоҳ тамоми ҳудуди Табаристонро фаро гирифт. Ӯ ба тамоми тарафдорони худ фармон дода буд, ки замин ва чизу чораи феодаҳои тарафдори аббосиҳоро ғорат кунанд. Инчунин ӯ ба тарафдорони худ фармуда буд, ки бар муқобили аристократияи маҳаллӣ ва ҳокимон, ки ба Аббосиён тақлид карда, ҷомаҳои сиёҳ мепӯшиданд, либосҳои сурх пӯшанд.

Бояд гуфт, чизи аз ҳама муҳим аз асосии шӯриши Масрӣ боз ҳамон ҷиҳати иҷтимоии ҷавонмардӣ буд, масъалаи сурхмалоӣ низ ба ин ҳаракати мардона тааллуқ дорад, ки бештар дар тамоми рафти воқеаву ҳодисаҳои инъикосгардидаи романи «Самаки айёр» муборизаи сиёҳаломон (ашрофиён) ва сурхаламон (аҳли касаба)-ро мебинем.

Дар аввалҳои асри VIII мо дар сарзамини Мовароуннаҳр давомдиҳандаи кори Абумуслим — Муқаннаъро мебинем, ки низ барои пешбарии ақидаи сиёсии худ ба ҷавонмардони шаҳрҳои Кешу Самарқанд, Марву Бухоро ва дигар ҷойҳо такя намуда, бо номи расмии «Сафедҷомагон» ба исён зидди феодалон бархост.

Устод Айнӣ мегӯяд: «Натиҷаи аввалини исёни Муқаннаъ ҳамин шуд, ки тухми умеди истиқлоли миллиро дар дили оммаи мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр кошт ва онҳоро ба ҳамин умед духт, ки ҳар вақт, ки фурсати муносиб ёбанд ва баҳонае ба даст дароваранд, ба муқобили арабҳои истилогар хуруҷ намоянд ва дар роҳи ба даст даровардани истиқлоли миллӣ ҷангу ҷидол кунанд».

Чунин қиёмҳои пай дар пай ва кӯшиши халқҳои маҳаллӣ, ки дар байни онҳо пайравони ҷараёни ҷавонмардӣ ҳамчун маҳаки мустаҳками пешбарандаи афкори сиёсию иҷтимоӣ буданд, барои ба вуҷуд овардани ҳукуматҳои мустақилли миллӣ дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон шароити нисбатан мусоиде фароҳам меовард.

Яъқуб бештар ба айёрон — ҷавонмардон такя намуда, афкори сиёсии худро ба амал мепайваст. Яъқуб ҳеҷ чизро аз иттифоқчиёни худ дареғ намедошт. Ҳамин камоли саховат ва нияти некбинонаи ҷавонмардӣ варзиданаш буд, ки дар муддати кӯтоҳ обрӯи беназирро соҳиб гардад.

пешина
аз 242
навбатӣ