Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Шак нест, ҳар он кӣ беиродат аст, бесаодат аст...
Агар пурсанд, ки мурид чӣ маъни дорад, бигӯй, мурид аз рӯи луғат хоҳандаро гӯянд ва то хости ботин набувад, ҳеҷ муомилаи неку зоҳир наояд ва мурид ба забони тариқат он бувад, ки аз ҳама муродҳои нафс озод бошад ва ӯро ҳеҷ хост набувад магар ба хости пир.
Агар пурсанд, ки муридро чанд сифат бояд, то муридро шояд, бигӯй, даҳ сифат: Аввал, бояд ки болиғ бошад, ки агар болиғ набошад ӯро тавба натавон дод ва чун тавба надошта бошад, муридиро нашояд. Дуюм, оқил бошад, ки агар оқил набошад, суханро дарнаёбад. Сеюм, бояд ки муслим бошад, то тавба бар ӯ тавон хонд. Чаҳорум, бояд ки толиб бошад, яъне ба ҷидду ҷаҳд қадам дар роҳи талаб ниҳад, то тараққӣ тавонад кард. Панҷум, бояд ки содиқ бошад, ки агар содиқ набошад маърифати пир дар дили ӯ ҷой нагирад ва чун сухани пирро дар дили ӯ асар набошад ба мақсад нарасад. Шашум, бояд ки тобеъ бошад, яъне дар мутобиати пир ҳеҷ нукта фурӯ нагузорад. Ҳафтум, мударрик бошад, яъне тезҳушу зирак, то роҳи дурустро ба зудӣ дарёбад. Ҳаштум, қобил бошад, яъне сухани пирро ба ростӣ қабул кунад, то мақбули хотири вай гардад. Нуҳум, бояд ки қонеъ бошад, яъне бад-он чӣ зарурат аст аз хӯрдан ва пӯшиданӣ қаноат кунад ва зиёдатиҳо наталабад, то аз кору бор намонад. Даҳум, бояд ки солим бошад, яъне даст ба пири дигар надода бошад ва дар байати дигаре наомада, зеро ки байат якест.
Агар пурсанд, ки одоби мурид чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, он ки дар кори худ нек нигоҳ кунад. Дуюм, ба эътиқоди дуруст пеш ояд. Сеюм, чун ба назари пир расад, тарки одат ва ҳаловати худ гирад. Чаҳорум, чашм аз ҳама нодиданиҳо барканад. Панҷум, гӯш аз ҳама ношуниданиҳо бибандад. Шашум, даст аз ҳама нокарданиҳо кӯтоҳ кунад. Ҳафтум, ба касе ки мухолифи пири вай бошад, муносибат накунад.
Агар пурсанд, ки аркони муридӣ чанд аст, бигӯй, шаш: Фармонбардорӣ, ростгӯйӣ, вафодорӣ, пандпазирӣ, камозорӣ ва роздорӣ...
Агар пурсанд, ки мустаҳабботи муридӣ чанд аст, бигӯй, панҷ: Покӣ кунад. Айёртабъ ва маломативазъ бошад ва аз гуфтушуниди мардум бок надорад. Қаландарсират бошад, яъне ному нанг ва мадҳу санои халқ ба нисбати ӯ яксон бошад. Қавидил бошад ва аз хотирҳо наандешад. Ниёзманд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор