Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки ҷавҳари муридӣ чист, бигӯй, хушнудии бародарони тариқ.

Агар пурсанд, ки зинати муридӣ чист, бигӯй, он ки ба бист сифат ороста бошад: Зуҳд; тақво; муҷоҳида; шуҷоат, ки дар муҳорибати нафси худ далер бошад; базлу исор (бахшиш) аст, ки дар ҳаққи ҳама ба ҷой оварад; сидқ, ки бинои кори худ ба ростӣ ниҳад; омӯхтани илм бад-он миқдор, ки аз худ берун ояд, яъне худшинос гардад; адаб, ки пайваста риоят кунад; ҳусни хулқ, ки ба ёрон тангдилӣ накунад ва дуруштхӯӣ наварзад; фидокор бошад; инсоф, яъне ҳамеша инсоф диҳад ва инсоф наталабад, камозорӣ, ки ранҷ аз ӯ ба касе нарасад; хомӯшӣ, ки андаксухан бувад ва он чӣ гӯяд айни савоб бувад; олиҳиммат, яъне хасистабъ набошад ва ба корҳои хурд сар фурӯ наорад; амонатдор бошад; раҳмат, яъне бар ҳама кас мушфиқ бошад; фармонбардори падару модар ва пиру устод бошад. Ҳар кӣ ба ин сифатҳо ороста бошад, муриде бувад дар ғояти оростагӣ.

Агар пурсанд, ки ғусли мурид чист, бигӯй, он ки аз сӣ сифат пок бошад: сарватдӯстӣ; ҷоҳталабӣ; ҳуббӣ (дӯст доштани) ному номус (шӯҳрат); майли ҳусну ҷамол ба нопокӣ; ҳирс; ҳасад; ҳиллаву макр; кибр; кинаву адоват; ғурур; фисқу фасод; озмандӣ; ғафлат; шакку ваҳм; дурӯғ; бӯҳтон; нифоқ; риё; ҳаромхӯрӣ; ҳавас; тамаъ; лаҳву лаъб; ғаразпардозӣ; тақсир дар тоат; фаҳш; суханчинӣ; айбҷӯӣ; ғаммозӣ ва дурӯй. Ҳар кӣ аз ин сӣ сифат пок бувад муриде бошад, ки дар сарчашмаи таҳорат ғусли тариқат бароварда бошад.

Агар пурсанд, ки сармояи муридӣ чист, бигӯй, эътиқоди пок ва дилравшанӣ.

Агар пурсанд, ки қонуни муридӣ чист, бигӯй, ҳар чӣ ба худ писандад ба дигаре писандад ва ҳар чӣ ба худ раво надорад ба дигаре раво надорад.

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

ДАР КАЙФИЯТИ МУРИД ГИРИФТАН

Агар пурсанд, ки аз мурид гирифтан чанд чиз мебояд, бигӯй, бисту ҳашт: Аввал, он ки шароити шайхӣ пеши вай ҷамъ бошад. Дуюм, тавба. Сеюм, байат, ки дасти ӯ бигиранд ва бигӯянд: бигӯ байат кардам ва дар силсилаи аҳли футувват даромадам. Чаҳорум, калимаи тариқат бар вай хонанд, ки баъзеҳо тариқатро бар тавба вобаста донистаанд. Панҷум, саҷҷода андохтан. Шашум, бародарони тариқро ҷамъ супурдан. Ҳафтум, муридро эҳтиёт кардан. Ҳаштум, ба ду зону нишастани пиру ҷамоат. Нуҳум, сухани бисёр нагуфтан. Дахум, бисёр дар худ нигоҳ накардан...
Агар пурсанд, ки аз пир чӣ дорӣ, бигӯй, нақши хушнудӣ. Агар пурсанд, ки перояи пиру муридӣ чист, бигӯй, аз мурид хизмату вафо ва аз пир ҳиммату ато...

пешина
аз 242
навбатӣ