Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
ФАСЛИ ПАНҶУМ
ДАР МАЪНИИ ШАДД ВА ОН ЧИ БАД-ОН МУТААЛЛИҚ АСТ
Агар пурсанд, ки шадд чӣ маъни дорад, бигӯй, шадд аз рӯи луғат панҷ маъни дорад: Аввал, устувор кардан. Дуюм, ҳамла бурдан. Сеюм, давидан. Чорум, қувват додан. Панҷум, баланд баромадани офтоб. Аммо аз рӯи истилоҳ шадд вафо карданро гӯянд ба аҳли мардон ва таслим шудан ба амри пирон.
Агар пурсанд, ки миёни луғат ва истилоҳ дар маънии шадд чист? Бигӯй, аввал аҳд кардан устувории кори солик аст, чун шахсе миёнбаста шуд, албатта ба аҳд вафо кунад. Дуюм, миёни вай баста шуд, дарҳои мухолифати нафс бихоҳад кушод, пас, гӯё ки бар душман ҳамла мекунад ва ба душмантарини душманон муҳориба мебарад. Сеюм, чун миён баста шуд, дар роҳи сулук тезтар меравад ва огоҳтар сӯйи манзили мақсуд меравад. Чорум, ба воситаи миёнбастагӣ қуввати дигаре дар ботини ӯ падид меояд... Панҷум, фарди миёнбастаро иртифое бар фалаки тариқат падид меояд, чуноне ки офтобро бар фалаки сурат ва аз партави анвори ҷамол дилаш равшан мегардад. Мисли он ки аз шууни офтоб замин нур ёбад.
Агар пурсанд, ки шаддро аз чӣ ранг гирифтаанд, бигӯй, аз шиддату шаддат суханеро гӯянд. Яъне ҳар кӣ аҳли шадд аст, ӯро ба нафсу ҳаво сахтӣ бояд кард. Ҳар чӣ аз халқ ранҷу сахтӣ ба вай расад, бибояд кашид, то шадди ӯ дуруст бошад. Ва гуфтаанд ин лафзро аз шаддата гирифтаанд ва он некӯй ва қуввати тамом бояд дар марди ҷавон... Инчунин ҳар киро шадд бирасад, кори ӯ тамом шавад ва қуввати ӯ ба ниҳоят расад.
Агар пурсанд, ки ҳақиқати шадд чист, бигӯй, сидқу сафо, меҳру вафо ва таслим.
ФАСЛИ ШАШУМ
ДАР ҚИСМАТҲОИ ШАДД
Агар пурсанд, ки ин шадд, ки дар миёнбастагон зикр мешавад чӣ чиз аст, бигӯй, шадд миёнбанд аст ва он сурати аҳду вафост. Агар пурсанд, ки миён бастан чанд қисм аст, бигӯй, даҳ. Аммо он чӣ машҳур аст, панҷ аст: Якум, нафси худро куштан... Дуюм, тарки макру ҳила кардан ва файз ба халқ расонидан. Сеюм, тарки исроф ва хӯрдану пӯшидан... Чорум, аз сари ҳастии худ даргузаштан, яъне худро фидои халқ кардан...
Агар пурсанд, ки шадди хуфия кадом аст, бигӯй, он ки сирри дили худ дар пеши ҳеҷ бегона фош накунад ва ба зоҳиру ботин бо ёрону бародарон муҳаббат варзад ва шафқат намояд. Бо нафс, ки душмани ниҳон аст, сахтӣ кунад ва бо ӯ дар мақоми мадоро набошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор