Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки шадд чанд навъ аст, бигӯй, ҳафт аст ва даҳ сифат дорад. Якум, салмонӣ; дуюм, сулаймонӣ; сеюм, луқмонӣ; чорум, юсуфӣ; панҷум, румӣ; шашум, довудӣ; ҳафтум, мисрӣ. Агар пурсанд, ки он даҳ сифат кадом аст, бигӯй: Якум, шадди алиф; дуюм, лом алиф; сеюм, мим; чорум, мадд; панҷум, меҳробӣ; шашум, сайфӣ; ҳафтум, қавсӣ; ҳаштум, салмонӣ; нуҳум, юсуфӣ; даҳум, хуфия.
Агар пурсанд, ки сурати ҳар як чӣ навъ аст ва тааллуқ ба кӣ дорад, бигӯй, шадди «алиф» тааллуқ ба маддоҳон дорад; «лом алиф», ин шадди ом аст ва нодошитон; «мим» ба аҳли илму ҳикмат аст; мадд, он гиреҳ надорад ва хосаи омиён аст; меҳробӣ тааллуқ ба саққоён (обкашон) аст; сайфӣ тааллуқ ба сипоҳиён аст; қавсӣ, ин шадди аҳли қабза аст; салмонӣ шадди фаррошон аст; юсуфӣ, хоси аҳли касаба аст; хуфия, ин шаддест, ки маънии ӯро нақиб донад, ки маҳрами ин тоифа аст ва ҳар киро қобилияту истеъдоди он бошад, ӯро низ аз ин сирр огоҳ дорад.
Агар пурсанд, ки маънии ҳар шадд чист ва ишорати он ба куҷост, бигӯй, маънии шадди «алиф» ишорат аст ба ростӣ. Маънии «ломи алиф», ишорат аст ба тарки ҳавову ҳаваси пуч. Маънии «мим», гиреҳ бар нафс, баъзе гуфтаанд маломат кашидан аст. Маънии «мадд», кашидани бори ишқ аст. Чунон ки Ҳофиз мегӯяд:
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи фол ба номи мани девона заданд.
Маънии меҳробӣ — бо нафс ҳарб кардан аст... Маънии шадди сайфӣ — он ки солик ба шамшери муҷоҳидат душманини илмро, ки сифоти замима доранд, барандозад. Маънии шадди қавсӣ, дар мақоми қурбу мартаба ва сирр доно гардад. Байт:
Чу тир дар талабаш рост бош, то бишносӣ,
Ки нест ҷуз ду камон аз ту роҳ то ба нишона.
Маънии шадди салмонӣ он аст, ки... навъе маош кунад, ки мардум аз ӯ ба саломат бошанд. Маънии шадди юсуфӣ он, ки дар тариқ бо парҳезкорӣ собитқадам бошад ва ба сухани Зулайхое ҳавои домани исмат аз даст нагузорад, то Азизи Мисрӣ каромот гардад. Маънии шадди хуфия — ин аст, ки сиррест аз забони покон ба гӯши покон расад...
Агар пурсанд, ки шадд дар вақти бастан чанд гуна аст, бигӯй, ду гуна аст: якум — таҳтонӣ, дуюм — фавқонӣ. Агар пурсанд, ки таҳтонӣ кадом аст, бигӯй, он ки аввал гиреҳ ба номи шаҳмардон занад, дуюм ба номи устоди худ, сеюм ба номи худ, он гоҳ гиреҳро воруна кунад, то гиреҳи аввал боло ояд ва инро такмил хонанд. Агар пурсанд, ки фавқонӣ кадом аст, бигӯй, он ки аввал ба номи худ занад ва дуюм ба номи устоди худ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор