Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки падар миёни ту ба чӣ баст, бигӯй, ин сухан муғлата аст ва муғлата дар сухан раво нест. Падар миён набандад, падар аҳд хонад ва устод миён бандад. Агар пурсанд, ки устод миёни ту ба чӣ баст, бигӯй, ба шадд ва талқини мардон.

Агар пурсанд, ки миёни ту ва устод чӣ нишон аст, бигӯй, ду ҳарф, ки забони хосон гӯяд ва гӯши хосон шунавад. Агар пурсанд, ки миён ба чанд чиз бояд баст, бигӯй, ба се чиз, ки се гиреҳ ишорат бар он аст: аввал, аҳд; дуюм, байат, сеюм, васият. Агар пурсанд, ки меҳри миёнбастан чист, бигӯй парҳезкорӣ. Агар пурсанд, ки ҳақиқати шадд чист, бигӯй, феъл аст на қавл.

Агар пурсанд, ки шарти миёни шогирду устоди шадд чист, бигӯй, он ки ҳазору як рӯз хизмати устод кунад ва бе иҷозати ӯ аз хизмат ғофил нашавад...

Агар пурсанд, ки мурод аз миён бастан чист, бигӯй, пешбурд.

Агар пурсанд, ки пешбурд чист, бигӯй, се ҷузъ аст: аввал, салом; дуюм, таом; сеюм, калом.

Агар пурсанд, ки маънии ин нафс чист, ки то яке набувад ду нагардад ва ду то набувад се нашояд, бигӯй, ин сухан он аст, ки то пир набувад, падари аҳд нашояд ва то пир ва падари аҳд набувад, устоди шадд натавонад гирифт.

Агар пурсанд, ки се нафси аслӣ кадом аст, бигӯй, он се нафс аст, ки кадом вақте ки муридро равон кунанд бо вай гӯянд ва яке фарз аст ва яке суннат ва яке шарт.

Агар пурсанд, ки ҳар яке кадом аст, бигӯй, фарз он аст, ки зоҳиру ботини худро пок дорад, суннат он аст, ки ҳурмати бародарон ба ҷой орад ва шарт он аст, ки пирро қибла донад.

Агар пурсанд, ки пиру мурид се нафс мегӯянд ва устод ба шогирд се нафс мегӯяд ва падари аҳд ба фарзанд чанд нафс мегӯяд? Бигӯй, ҳама се нафс: аввал, он ки чун ба ғолиб расӣ, сокит (хомӯш) бош ва чун ба нозил расӣ, нотиқ бош ва чун ба мусовӣ расӣ, мушфиқ бош.

Агар пурсанд, ки маънии ин суханон чист, бигӯй, он ки чун касе ба касе расад, ки аз ӯ ғолибтар аст, бояд ки бо вай ба тариқи адаб зиндагонӣ кунад ва хомӯш бошад, то аз вай қоидае гирад ва чун ба касе расад, ки аз ӯ фурӯтар бошад, ба суханони ҳақ гӯё гардад ва ба хулқу карам зиндагонӣ намояд, то ба он кас фоида расонад; чун ба касе расад, ки бо ӯ баробар бошад, тариқи шафқат ва марҳамат фурӯ нагузорад...

пешина
аз 242
навбатӣ