Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
БОБИ ЧАҲОРУМ
ДАР БАЁНИ ХИРҚА ВА СОИРИ ЛИБОСҲОИ АҲЛИ ФАҚР ВА ПӮШИДАНУ ПӮШОНИДАНИ ОН ВА РАСОНИДАНИ ХИРҚА БА МУРИДОН ВА ШАРОИТИ ОН ВА ОДОБУ АРКОНИ ОН.
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ ХИРҚА
Бидон, ки шиори дарвешон пӯшидани марқаъ ва хирқа аст.
Агар пурсанд, ки хирқа чӣ маънӣ дорад, бигӯй, аз рӯи луғат хирқа пореро гӯянд аз ҷома ва аз роҳи истилоҳ ҷомаеро гӯянд, ки аҳли фақр пӯшанд ва сӯрохӣ дошта бошад ва чун аксари ҷомаҳои эшон куҳнаву сӯрох шуда бошад, онро хирқа гӯянд.
Агар пурсанд, ки хирқаро аз чӣ гирифтаанд, бигӯй, аз харак ва харак пора кардан бошад. Пас соҳиби хирқа бояд, ки риштаи тааллуқ аз ҷамъи алоқаҳо пора кунад... то ӯро пӯшидани хирқа зебад. Ва гуфтаанд, ин номро аз ҳарк гирифтаанд ва он биёбони фароху ҳамвор аст, яъне соҳиби ин ҷома дар бодияи бениҳояти ишқ сулук (рафтор, муомила) менамояд ва биёбони муҷоҳидатро ба қадами риёзат ба сар мебарад. Ва гӯянд, аз хирк гирифтаанд ва он марди бузургвори сахӣ мебошад. Маънии сухан он аст, ки чун касе хирқа пӯшад, бояд ки худро бузургвор дорад. Яъне ба шуми тамаъ худро хор насозад ва саховатро шиори худ дорад. Ва баъзе гӯянд, ин исмро аз хирқа гирифтаанд ва он сӯрохии нармаи гӯш аст, ки ҳалқа дар вай кунанд. Пас, соҳиби хирқа бояд, ки ҳалқа ба гӯши мардон бошад. Яъне ҳар чӣ фармоянд, ба гӯши дил бишнавад. Ва гӯянд, ин исмро аз хирқа гирифтаанд ва он равзане бошад дар хона ва мақсади сухан он аст, ки аз бӯстон дар хонаи дил бояд, ки равзане карда бошад ва пайваста дида бар он равзана ниҳад, то насиме, ки аз он гулшан бирасад, онро ба машоми рӯҳ ҳис кунад.
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР БАЁНИ ХИРҚА ПӮШИДАН
Агар пурсанд, ки хирқа пӯшидан аз кӣ мондааст ва аввалин касе, ки хирқа пӯшид кӣ буд, ... бигӯй, дар зоҳир аввалин кас Одам буд...
Он дам, ки миёни обу гил буд Одам,
Дар олами ҷону дил паямбар ӯ буд...
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР ШАРОИТИ ХИРҚА ПӮШИДАН
Агар пурсанд, ки чӣ фоида аст дар он ки ҳар мардеро хирқа пӯшонанд, бигӯй, се фоидаи куллӣ ҳаст: аввал он ки чун зоҳири мурид ба кисвати шайх ороста шавад, ҳароина ин маъни боиси он шавад, ки ботинаш низ ба либоси тақво, ки иборат аз сифоти комилаи ӯст зинат ёбад. Дуюм, он ки баракати дасти шайх ба вуҷуди мурид расад, то бошад ки мисси вуҷудаш ба иксири (кимиё) назари он бузургвор зарри тамом гардад. Маснавӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор