Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Қатра ба баҳр ояду гавҳар шавад,
Мис чу ба иксир расад, зар шавад.
Ҳар кӣ зи маъни хабаре ёфтааст,
Аз дили соҳибназаре ёфтааст.
Ҳар назаре, к-аз сари сидқу вафост,
Чун ба ҳақиқат нигарӣ кимиёст.
Сеюм, ин ки хирқа сабаби пайванд миёни шайху мурид шавад.
Агар пурсанд, ки пир муридро кай хирқа тавонад пӯшонид, бигӯй, вақте ки мурид қадам дар олами иродат ниҳод ва нақди қалбро ба нақши сиккаи амонат пайваст, муршиди комил хирқаи фақр ба ӯ пӯшонад ва онро ба ранги худ бароварад.
Агар пурсанд, ки ғарази куллӣ аз хирқа пӯшидан чист, бигӯй, ғарази куллӣ ва мақсуди аслӣ он аст, ки хирқа ҷомаи ошноӣ аст. Пас бояд ки феъли бегонагӣ накунад ва агар бикунад худро аз ошноии фақр бегона кунад. Шеър:
Ало, эй муракқаъ бипӯшида чуст,
Қадам дар раҳи фақр менеҳ дуруст.
Дар озори ҳеҷ офарида макӯш,
Ки озор бад бошад аз хирқапӯш.
Қабопӯши хунрези бегонахӯй,
Беҳ аз хирқапӯшони озорҷӯй.
Агар пурсанд, ки одоби хирқа пӯшидан чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, хирқаро дар муриди қобил пӯшонидан; дуюм, шароити пӯшонидани он ба мурид расонидан; сеюм, такбиру таҳлил фиристодан; чаҳорум, пирони гузашта ва соҳибони кусутро (пешгузаштагонро) ёд кардан.
Агар пурсанд, ки аркони хирқа пӯшидан чанд аст, бигӯй, ду: Аввал, он ки худ олим бувад ба одоб, то муридро ҳар гоҳ воқеае пеш ояд, ҳалли он тавонад кард; дуюм, бояд ки аз дасти пир хирқа пӯшида бошад, то дигареро тавонад пӯшонид.
Агар пурсанд, ки шароити хирқа пӯшидан чанд аст, бигӯй, се: Аввал, хирқа поку покиза сохтан; дуюм, аз ваҷҳи ҳалол тартиб фармудан; сеюм, аз тариқи бидъат дур доштан.
Агар пурсанд, ки аркони хирқа пӯшидан чанд аст, бигӯй, се: Аввал, онро аломати фақр ва ошноии фуқаро донистан; дуюм, хирқаро доми гадоӣ ва баҳонаи ҳурмати риёӣ насохтан; сеюм, даъворо ба маъни расонидан.
Агар пурсанд, ки одоби хирқа пӯшидан чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, он ки пок бошад; дуюм, он ки чун хирқа бипӯшад, чарх занад; сеюм, хирқаро ҳар гоҳ берун кунад ба ҳурмат дар ҷои пок ниҳад; чорум, агар куҳна шавад, аз барои табаррук ямоқ дӯзад ва нагузорад, ки якборагӣ бефоида гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор