Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин саволҳоро ҳар хирқапӯш, ки надонад, дар кори худ нотамом аст. Агар пурсанд, ки чаҳор бурҷи хирқа кадом аст, бигӯй, аввал ризо; дуюм, фано; сеюм, сафо; чорум, вафо.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи хирқа чанд маъно дорад, бигӯй, хирқа чаҳор ҳарф аст ва ҳар ҳарфе се маъно дорад, ки маҷмӯъ дувоздаҳ бошад.

«Х» — далолат ба хайрхоҳӣ, яъне хирқапӯш бояд, ки некхоҳи ҳамаи халқ бошад. «Р» — далолат ба роҳати халқ аст, яъне хирқапӯш бояд, ки худро фидои халқ кунад ва ранҷи худ бар роҳати эшон бигзорад, то аз фақр насиби тамом дошта бошад. Ҳамчунин далолат ба рафқу раъфат (дӯстӣ) яъне бар ҳама кас меҳрубон ва хушхӯй бояд, ки дили халқ бирабояд.

Хубии мардум на накӯрӯӣ аст,
Хӯи накӯ мояи некӯӣ аст.

«К» — далолат бар қаҳри нафс, яъне соҳиби хирқа бояд, ки нафсро саркӯб кунад, то саломат бошад. Ҳамчунин далолат ба қурб, яъне хирқапӯш бояд, ки аз ботил дурӣ ҷуста ба кори ҳақ ягонагӣ ҷӯяд. Инчунин хирқапӯш бояд қабули дилҳо талабад, то мақбули ҳама гардад. «Аммо «Х» — хирқа, ки дар асл «а» аст, далолат ба «аз худ» бигрезад ва талаби рост кунад ва дар тавфиқу таҳқиқ бошад.

Гар набошад инояти тавфиқ,
Кай тавон ёфт давлати тасдиқ,
Вар зи тасдиқ партаве нарасад,
Дил нагардад мунаввар аз таҳқиқ.

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

ДАР БАЁНИ РАНГҲОИ ХИРҚА

Бидон, ки рангҳои хирқа мухталиф аст ва ҳар ранге ишорат ба ҳолатест.

Агар пурсанд, ранги сафед аз они кадом тоифа аст, бигӯй, ранги сафед ранги рӯз аст ва аз они ҷамоатест, ки дили эшон равшан бошад ва синаи эшон аз кудуратҳо соф бувад. Ҳар кӣ ин ҷома бипӯшад, бояд ки чун субҳи содиқ бувад ва чун рӯз ҳама касро равшанӣ бахшад.

Агар пурсанд, ки ранги сабз аз они кист, бигӯй, ранги сабза ва об аст ва аз они олиҳимматон ва зиндадилон аст, ки рангро бисёр писанданд. Ҳар кӣ ин ранг ҷома пӯшад, бояд ки чун сабза хандону хуррам бошад ва монанди об ҳаётбахшу дилпазир бошад.

Агар пурсанд, ки ранги сиёҳ аз они кадом гурӯҳ кардаанд, бигӯй, ранги сиёҳ ранги шаб аст ва ранги мардумаки дида ва аз они мардумест, ки дили эшон хазинаи асрор бошад ва ҳоли худро аз ҳама кас махфӣ медоранд ва монанди мардумаки дида ҳама касро бубинад ва худбинӣ накунад, чунон ки гуфтаанд:

пешина
аз 242
навбатӣ