Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Аз мардумаки дида бибояд омӯхт,
Дидан ҳама касрову надидан худро.
Агар пурсанд, ки ранги кабуд киро зебад, бигӯй, ранги кабуд ранги осмон аст ва касеро зебад, ки дар ҳоли худ тараққӣ карда бошад... Ҳар кӣ ин ранг ҷома пӯшад, бояд ки чун осмон олиқадр ва баландҳиммат бувад. Бар ҳама кас соя афканад ва рӯзу шаб аз ҳаракат наёсояд.
Агар пурсанд, ки худранг аз они кист, бигӯй, ин ранги хок аст ва аз они мардуми некӯниҳод. Ҳар кӣ ин ранг ҷома пӯшад, бояд ки сифати таҳаммул бар вай ғолиб ояд.
ФАСЛИ ПАНҶУМ
ДАР БАЁНИ ОН КИ ХИРҚАИ АҲЛИ ФАҚР АЗ ЧӢ ҶИНС МЕБОЯД
Бидон, ки ҳама ҷома хирқаро мешояд илло абрешим, ки бар мардон нашояд. Дарвешро пашм пӯшидан авлост. Агар пурсанд, ки чаро пашмина авлост, бигӯй, барои он ки то ҳаловатро дар дилҳои худ дарёбанд.
Агар пурсанд, ки асли хирқа чанд аст, бигӯй, чаҳор: Якум, пашм; дуюм, пахта; сеюм, палос; чорум, пӯст.
ФАСЛИ ШАШУМ
ДАР БАЁНИ ЛИБОСҲОЕ, КИ ДАР ИН РӮЗГОР СУФИЁН ВА ФУТУВВАТДОРОН МЕПӮШАНД
Он чаҳордаҳ навъ аст: ҳазорбахия, чаҳорҷок, дуҷок, ялк, оламдор, курсидор, фаровезбароварда, остиншикофта, шуша, қосимӣ, қурайшӣ, салимӣ, мафгулӣ, капанак. Ҳар яке аз ин номгӯй хоси ҷамоатест...
ФАСЛИ ҲАФТУМ
ДАР МУТАФАРРИҚОТ
Агар пурсанд, ки пашминапӯшро чанд сифат бояд, бигӯй, чаҳор сифат: Аввал, он ки дари муроди нафс дарбандад. Дуюм, синаро аз кина пок дорад. Сеюм, бетакаллуф зиндагонӣ кунад. Чаҳорум, роҳату осудагиро тарк кунад.
Ин ки дар бар кардаӣ пашминаро,
Пок соз аввал зи кина синаро.
Хирқаи пашминаро бар дӯш кун,
Шарбате аз номдорӣ нӯш кун.
Бетакаллуф бош у ороиш маҷӯ,
Тарки роҳат гиру осоиш маҷӯ...
ФАСЛИ ҲАШТУМ
ДАР ВАСЛАҲОЕ, КИ СӮФИЁНУ ДАРВЕШОН
БАР САР МЕНИҲАНД
Бидон, ки дар ин замон қариб ҳама тоҷҳои дарвешон ва аҳли тариқ тоҷи намад бошад, ки онро тоҷи мавлавӣ хонанд. Агар пурсанд, ки тоҷи намад аз кӣ мондааст, бигӯй, ҳазрати Мавлонои Румӣ ба ин навъ тоҷ фармуданд ва ба мавлавӣ машҳур шуд ва аз вай ба дарвешону муридон расид.
Агар пурсанд, ки ин тоҷ киро расад бар сар ниҳодан, бигӯй, касеро ки ливои ишқ бар сари майдони мардонӣ ва фарзонагӣ... барафрозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор