Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки кабуд ишорат ба чист, бигӯй, ба ранги осмон... пас, ҳар кӣ тоҷи кабуд пӯшад ё васлаи кабуд бандад, бояд, ки олиҳиммат ва бузургқадр бошад ва ҳоҷати дардмандон раво кунад.

Агар пурсанд, ки худранг ишорат ба чист, бигӯй, ба хок ва заминро хосиятест, ки ҳарчӣ бад-ӯ супоранд ба зиёдат боз диҳад ва гулҳову раёҳин ба зуҳур расонад. Пас, ҳар кӣ тоҷи хокранг пӯшад, бояд ки чун замин амин бошад. Ҳарчанд хори номуродӣ дар роҳаш афкананд, гули дилнавозиву райҳон бирӯёнад, то ҳамчун хок баландқадр гардад:

Хок шав, хок, то бирӯяд гул,
Ки ба ҷуз хок нест мазҳари гул.

ФАСЛИ ЁЗДАҲУМ

ДАР СОИРИ ВАСЛАҲО, КИ ТААЛЛУҚ БА СӮФИЁН ВА ДАРВЕШОН ДОРАД МОНАНДИ САҶҶОДА, ИЗОРУ РИДО (ҶОМА) ВА КАМАРИ СӮҲБАТ ВА НАЪЛИН (КАФШИ ЧӮБИН) ВА ПӮСТИ ТАКЯ ВА МАОНИИ ҲАР ЯК

Агар пурсанд, ки саҷҷода чист, бигӯй, мубтадиёнро (оғозкунандагон) остонаи хизмат аст ва мунтаҳиёнро (охир) бисоти қурбат аст. Агар пурсанд, ки одоби саҷҷоданишинӣ чанд аст, бигӯй, чаҳор: Аввал, он ки бар рӯи саҷҷода ба ду зону нишинад ва агар зарурат бувад пои рост бароварад ва пои чап бияфканад. Дуюм, он ки нагузорад, ки пои вай бараҳна шавад. Сеюм, бинӣ наяфшонад ва оби даҳон наяфканад. Чорум, чунон созад, ки аз вай чизе дар вуҷуд ояд ё қавлӣ ё феълӣ... Ҳар кӣ ба рӯи саҷҷода нишинад, бояд ки чун кӯҳ собитқадам бошад ва ба ҳар боде аз ҷой наҷунбад.

Агар пурсанд, ки изор чист, бигӯй, изор банди миёнро гӯянд ва он камарбанд аст. Агар пурсанд, ки миёнро ба чӣ бастаӣ, бигӯй, ба хизмат ва он чӣ шароити миён бастан бувад ва одобу аркони он бувад.

Агар пурсанд, ки ридо чист, бигӯй, васлаест, ки дар болои ҷомаҳо бар дӯш афкананд ва дар ин замон дар гардан низ меафкананд.

Агар пурсанд, ки маънии ридо чист, бигӯй, маънии он пӯшидани асрор аз назари ағёр...

Агар пурсанд, камар чанд навъ аст, бигӯй, ду навъ: аввал, камари сӯҳбат; дуюм, камари хизмат.

Агар пурсанд, ки камари сӯҳбат кӣ тавонад баст, бигӯй, фарде, ки ҳуқуқи сӯҳбат чунончи бояд адо кунад.

Агар пурсанд, ки ҳуқуқи сӯҳбат ба чӣ навъ адо тавон кард, бигӯй, ба он навъ, ки панҷ сифат риоят кунад: Якум, ҳурмат; дуюм, шафқат; сеюм, иззат; чорум, мурувват; панҷум, тарки ғаразҳо.

пешина
аз 242
навбатӣ