Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки киро зебад тоҷи пӯст пӯшидан, бигӯй, он касро ки ба сифати нафъ расонидан бар сар омада бошад ба воситаи он ки пӯсти гӯсфанд нишонаи он аст. Пас ҳар кӣ тоҷи пӯст мепӯшад, мебояд, ки бад-он миқдор метавонад фоида ба халқ расонад ва сари таслим бар хати фармон ниҳад ва ҳар чӣ ба ӯ расад, рӯй натобад:

Гар лутф менамоӣ ю гар теғ мезанӣ,
Гардан ниҳодаам чу аспрон ба чанги ту.

ФАСЛИ НУҲУМ

ДАР БАЁНИ ОН ЧИ БАР РӮИ ТОҶ БАНДАНД

Агар пурсанд, ки алифи намад ба рӯи тоҷ бастан чӣ маъно дорад, бигӯй, алиф сурати ростӣ аст ва чун ба шакли доира бар гирди тоҷ печидаанд, доираи росте бошад ва маънии ӯ он аст, ки мо сар аз доираи ростӣ берун надорем ва ҳар кӣ рост аст мо ба ӯ сар дар миён орем:

Гоҳ он рӯи накӯ оинаи заррот аст,
Гоҳ заррот ҳама оинаи рӯи накӯст...

Агар пурсанд, ки шамла (дастори бӯи хуш дошта), кӣ метавонад баст, бигӯй, он кас ки шафқат ва марҳамати ӯ ба ҳама кас расад. Ба ҷиҳати он ки шамларо аз шамл гирифтаанд ва шамл ҳамаро фароз расидааст, яъне касе, ки шамла бандад, бояд ки бар ҳама кас меҳрубону мушфиқ бошад.

ФАСЛИ ДАҲУМ

ДАР ЛАВНИ (РАНГИ) ТОҶҲО ВА ВАСЛАҲО, КИ БАР РӮИ ТОҶ БАНДАНД

Ранги ҳар тоҷе ва ҳар васлае, ки бар рӯи тоҷ аст ишорат ба маъние аст, ки ҳаводори оини футувват ба маънии он расида бошад. Агар пурсанд, ки сафед ишорат ба чист, бигӯй, ишорат ба ранги шир, ки сабаби тарбият ва ғизои кӯдакон аст. Пас, ҳар кӣ тоҷи сафед пӯшад, бояд ки чун шир аз ҳавову ҳаваси шаҳвонӣ ва палидиҳои шайтонӣ поку покиза бошад. Ва ба шири лутфу меҳрубонӣ дар парвариши сифоти ҳаққонӣ кӯшад, то ба мартабае расад ва ба дараҷае анҷомад, ки фуқаро дар зилли тарбияти ӯ баросоянд...

Агар пурсанд, ки сабз ишорат ба чист, бигӯй, ки сабза аз замин мерӯяд ва ӯро соқ (тана) набошад ва ҳар чӣ бо соқ рӯяд онро шаҷар гӯянд ва сабзаро хосиятест, ки тозаву тар бошад ва сабаби хуррамӣ гардад ва равшанӣ дар дида бияфзояд. Пас, ҳар кӣ тоҷи сабз пӯшад ва ё васлаи сабз бандад, бояд, ки пайваста шукуфтаву хурраму хандон бувад, то дидаи ҳамсӯҳбатон ба ҷамоли ӯ равшан гардад.

пешина
аз 242
навбатӣ