Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки адаб бо падару модар чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ: Аввал, он, ки ҳурмати эшон ба воҷиб нигоҳ дорад. Дуюм, ба моли дунё бо эшон музояқа (сахтӣ) накунад. Сеюм, ба мурооте, ки ба эшон кунад, миннат бад-эшон оид нагардонад. Чаҳорум, тез дар рӯи эшон нангарад. Панҷум, чун бихонадаш, зуд иҷобат (қабул) кунад. Шашум, дар вақти мулоқоти эшон рӯй дарҳам накашад. Ҳафтум, ҳар чӣ фармоянд, ки дар он маъсияте (гуноҳ) набошад, ба ҷой оварад. Ҳаштум, дар сухан гуфтан бо эшон ё бо дигаре дар пеши эшон овоз баланд накунад. Нӯҳум, бе дастури эшон ба сафар наравад. Даҳум, дар талаби ҳосил кардани хушнудии эшон бошад. Ёздаҳум, эҳсон бо эшон, сонии ибодат донад, яъне биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст.
Агар пурсанд, ки шароити адаб бо хешовандон чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, он ки бо эшон пайванд (дӯстӣ) кунӣ, ки силаи раҳм (алоқа ба хешу табор) дар умр бияфзояд. Дуюм, бо мол бо эшон мувосот (кӯмак) кунӣ. Сеюм, бо шодии эшон шод гардӣ ва ба ғами эшон ғамгин гардӣ. Чаҳорум, дар вақти мададгорӣ тариқи муованат (дастгирӣ) фурӯ нагзорӣ. Панҷум, ҳарчанд бо ту ҷафо кунанд, дар мукофоти он, вафо ба ҷой орӣ.
Шашум, бо душманони эшон дарнасозӣ. Ҳафтум, қасди мол ба арзи (матоъи) эшон накунӣ, ки ту низ беномус ва беарз (беқадр) мешавӣ.
Агар пурсанд, ки шарти адаб бо дӯстон чанд аст, бигӯй, он ки дар дӯстии ӯ ҳеҷ ғаразе тасаввур натавон кард ва аломати инчунин кас он аст, ки дар ӯ панҷ хислат бошад: Аввал, ақл, ки дар сӯҳбати беақл ҳеҷ хайр набувад. Акобир (бузургон) гуфтаанд: «Душмани доно, беҳ аз дӯсти нодон». Дуюм, некхӯ бошад, ки бо бадхӯ сӯҳбат ба душворӣ муяссар шавад. Сеюм, салоҳи нафс, ки бо муфсид (бадкор) ва фосиқ неку набувад... Чаҳорум, қаноат, ки ҳар кӣ дунё дӯст дорад ва ҳарис (гурусначашм) бувад, дӯст нагардад, сӯҳбати ӯ ҳамчу заҳри қотил бошад. Панҷум, ростӣ, ки ҳар кӣ норост ва каҷбоз (фиребгар) ва қалб бошад, дар дӯстии вай ҳеҷ роҳат набувад, барои он ки ҳар чӣ гӯяд, бар он эътимод натавон кард.
Агар пурсанд, ки дӯстии маҷозӣ кадом аст, бигӯй, он ки дар дӯстии ӯ ғараз мутасаввир бошад ва он дӯстӣ эътимодро нашояд, барои он ки ҳар кӣ ба ғараз дӯстӣ кунад, чун ғарази худ ҳосил кунад, дӯстӣ ба охир анҷомад ва агар ғарази вай ҳосил нашавад, дӯстӣ ба душманӣ мубаддал гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор