Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Шайх Саъдӣ фармудааст:
Ин дағал дӯстон, ки мебинӣ,
Магасонанд гирди ширинӣ.
То хутоме, ки ҳаст, менӯшанд,
Ҳамчу занбӯр бар ту меҷӯшанд.
В-он замоне, ки деҳ хароб шавад,
Киса чун косаи рубоб шавад,
Тарки сӯҳбат кунанду дилдорӣ,
Дӯстӣ худ набуд, пиндорӣ!
Рост гӯям, сагони бозоранд,
К-устухон аз ту дӯсттар доранд!
Агар пурсанд, ки чун дӯсти ҳақиқӣ ба даст ояд, одоби ӯ чӣ гуна риоят тавон кард, бигӯй, бад-он навъ, ки бо ӯ бист тариқ риоя доранд: Аввал, мол аз ӯ дареғ надоранд, агар ҳама мол натавон, боре он миқдор, ки ҳоҷати вай бад-он раво шавад. Дуюм, рози вай бо касе нагӯянд ва дар миёни ҷон нигоҳ доранд. Сеюм, айби вай бипӯшанд аз халқ, на аз вай, балки бо вай бигӯянд, то ба чораи он машғул шавад. Чаҳорум, сухани вайро ба гӯшу ҳуш бишнаванд. Панҷум, бар сухани вай эътироз накунанд ва айби он наҷӯянд. Шашум, вайро ба номи некӯ хитоб кунанд. Ҳафтум, некӯии вайро шукр гӯянд. Ҳаштум, дар ғайбати вай ба некиву хубӣ ёд оранд. Нӯҳум, чун ба насиҳат ҳоҷат афтад, ба таъриз (муфассал) ва лутф гӯянд ва аз тасреҳ (амиқу ошкоро) ва унф (дағалӣ) дур бошанд. Даҳум, хатоҳои вайро даргузаранд (бахшанд) ва нодида ангоранд. Ёздаҳум, бори худ бар вай наафкананд. Дувоздаҳум, ба шодии вай шодӣ кунанд ва ба малоли вай малул бошанд. Сездаҳум, бар вай ба салом ибтидо кунанд. Чаҳордаҳум, ҳурмати вай ба навъе, ки зиёдат аз он нашояд, ба ҷой оранд. Понздаҳум, дар миёни сухани вай сухан нагӯянд. Шонздаҳум, ба вай ҳамон писанданд, ки ба худ писанданд. Ҳабдаҳум, вайро дар маҳалли солеҳ сано гӯянд. Ҳаждаҳум, дар маҷлис вайро тақдим кунанд (пеш гузаронанд) ва ҷои некӯ биншонанд. Нӯздаҳум, дар вақти мададгорӣ ҳимоят фурӯ нагузоранд. Бистум, бо душманони ӯ дӯстӣ наварзанд ва бо дӯстони ӯ душманӣ накунанд ва асл дар ин боб аст, ки бо вай чунон маош (муносибат) кунанд, ки дӯст доранд, ки бо эшон маош бар он ваҷҳ воқеъ гардад ва яқин донанд, ки дар олам ҳеҷ саодате баробари ёре некӯ нест:
Эй дӯст, бирав, ба ҳар чӣ дорӣ
Ёре бихару ба ҳеҷ мафрӯш.
Пас, дар одоби ёрӣ, чандон ки метавон, мулоҳиза мебояд намуд, чунонки устод фармояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор