Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

З-он ҳама к-одоб накӯкорӣ аст,
Мояи аввал адаби ёрӣ аст.
З-он ки дар офоқ, зи барнову пир
Ҳеҷ кас аз ёр надорад гузир.

Агар пурсанд, ки шарти адаб бо ошноён чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, он ки ошноёнро ҳар соат зиёрат кунад. Дуюм, он ки фоида бад-эшон расонӣ ба дасту забон ва ба ҳар навъ, ки тавонӣ. Сеюм, насиҳат аз эшон бознадорӣ. Чаҳорум, тамаъ аз эшон мункатеъ (дур) дорӣ. Панҷум, пайваста тафахҳуси (пурсиши) аҳволи эшон кунӣ. Шашум, агар бадӣ кунанд, итоб (маломату сарзаниш) накунӣ ва даргузарӣ.

Агар пурсанд, ки адаб бо ҳамсоягон чанд шарт дорад, бигӯй, чаҳордаҳ: Аввал, он ки лутф ва меҳрубонӣ бо эшон фурӯ нагзорад. Дуюм, насиҳат ва мавъизат (андарз) аз эшон дареғ надорад. Сеюм, агар бадӣ бинад, эшонро фазиҳат (беобрӯӣ) накунад. Чаҳорум, муованат (мададгор) ва ҳимояти эшон бад-он миқдор, ки тавонад, ба ҷой оварад. Панҷум, бори худ бар эшон наниҳад, балки бори дили эшон бардорад. Шашум, агар ҳоҷате аз они эшон раво кунад, бар эшон миннат наниҳад. Ҳафтум, агар аз эшон нафъе бирасад, шукр гӯяд. Ҳаштум, агар дар бораи ин кас тақсире (нуқсон) ба ҷой оранд, шикоят накунад. Нӯҳум, агар дарвеш ва мӯҳтоҷ бошанд бад-он чӣ дастрас бошад, бо эшон мусамаҳат (мадад) кунад. Даҳум, агар дастафзоре талабанд, ба хушдилӣ бад-эшон диҳад. Ёздаҳум, обу намак ва ҳезум аз эшон дареғ надорад. Дувоздаҳум, фарзандони хурди эшонро бинавозад. Сездаҳум, дар таъзияту таҳният (муборакбод) ва ғаму шодӣ бо эшон мувофиқат варзад. Чаҳордаҳум, дар оброҳ ва пойроҳ ва равзана (дарича) ва ҳар чӣ эшонро аз он нафъе расад ва дигареро зараре нарасад, музоиқат (душворӣ) нанамояд ва билҷумла бояд, ки ҳурмати ҳамсоя бар ваҷҳе бошад, ки мазиде бар он мутасаввир набошад.

Агар пурсанд, ки одоб бо бегонагон чанд аст, бигӯй, шаш. Аввал, он ки ба ҳеҷ кас ба чашми ҳақорат нигоҳ накунӣ. Дуюм, худро дар миёни сухани эшон наяфканӣ. Сеюм, аз суханони ноҳамвори эшон худро ғофил созӣ. Чаҳорум, агар нохостагӣ бинӣ, насиҳат кунӣ. Панҷум, шафқат аз эшон во надорӣ. Шашум, то касеро аз эшон қобил (шоиста) надонӣ, дар сӯҳбат роҳ надиҳӣ.

пешина
аз 242
навбатӣ