Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки адаби такя даромадан чанд аст, бигӯй, се: Аввал, он ки пок (бо вузӯ) бошад. Дуюм, он ки чун ба остона расад, пои рост пеш ниҳад...

Агар пурсанд, ки мустаҳиби такя даромадан чанд аст, бигӯй, ду: Аввал, он ки чун ба такя дарояд дуо хонад. Дуюм, ҷои пок талаб кунад...

Агар пурсанд, ки ҳурмати ба такя даромадан кадом аст, бигӯй, он ки агар синоне бар сари асо дорад синонро рӯй ба худ кунад, на ба такя.

Агар пурсанд, ки ин чӣ маънӣ дорад, бигӯй, маънияш он аст, ки бо синони муҷоҳида бар нафси худ задаем.

Агар пурсанд, ки аркони ба такя даромадан чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, салом кардан. Дуюм, аз сари тавозӯъ рӯй бар хок ниҳодан. Сеюм, аҳли ҷамъро мусофиҳа кардан ва ба даст дарёфтан. Чаҳорум, тарҷимон гуфтан. Панҷум, ҷое талаб кардан. Шашум, саҷда ба ҷой овардан. Ҳафтум, ҳаққи кудум гуфтан. Ҳаштум, ҳар ҷо ки ҳавола кунанд, нишастан.

Агар пурсанд, ки шарти такя даромадан кадом аст, бигӯй, он ки нишонаи иродат бинамояд.

Агар пурсанд, ки нишонаи иродат кадом аст, бигӯй, он ки бе тӯҳфаву табрик ба назди пирон наравад...

Агар пурсанд, ки ба такя ба сар омадӣ ё ба пой, бигӯй, ба сидқу сафо омадам.

Агар пурсанд, ки ба чӣ рӯй омадӣ, бигӯй, ба рӯи ниёз.

Агар пурсанд, ки ба бӯи кӣ омадӣ, бигӯй, ки ба бӯи меҳру вафо.

Агар пурсанд, ки такя туро талабид ё ту такяро талабидӣ, бигӯй, такя маро талабид ва ман соҳиби такяро.

Агар пурсанд, ки ба чанд аҳд ба такя даромадӣ, бигӯй, ба чаҳор аҳд. Агар пурсанд, ки он чаҳор аҳд кадомҳоянд, бигӯй, аввал даромадан ба ҳурмат. Дуюм, нишастан ба иззат. Сеюм, гуфтан ба ҳикмат ва чаҳорум бархостан ба хизмат.

ФАСЛИ ПАНҶУМ

ДАР ОДОБИ НИШАСТАН

Бидон, ки дар нишастан адабе чанд ҳаст, ки риояти он бояд кард. Аммо шайхро навъе бояд нишаст ва фарзандони тариқро навъе.

Агар пурсанд, ки адаби нишастани шайх чанд аст, бигӯй, агар бар рӯи саҷҷода менишинад... чаҳор адаб аст. Агар бар ғайри саҷҷода нишастааст, чаҳор чиз риоят бояд кард: Аввал, рӯй ба қибла. Дуюм, бар ду зону. Сеюм, бисёр ба чапу рост нангарад. Чаҳорум, аз маҷлис барнахезад, магар зарурат бошад.

пешина
аз 242
навбатӣ