Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки адаби фарзандони тариқ дар нишастан чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, ин ки ҳар чӣ эшонро ҳавола кунанд биншинанд. Дуюм, он ки ба болову паст ва ба чапу рост нангарад. Сеюм, то касе бо эшон сухан нагӯяд, сар аз пеш барнаёранд. Чаҳорум, агар соҳибҷамоле дар маҷлис бошад, бисёр дар вай нангарад. Панҷум, бар ду зону нишинад ва ба тавозӯъ бошад. Шашум, бисёр барнахезад. Ҳафтум, талаби тақаддум накунад ва агар касе бар эшон муқаддам нишинад, бо вуҷуди он ки роҳи ӯ набошад аз он бад набарад, ки бузургон гуфтаанд: «Мард бояд, ки макон бад-ӯ шараф ёбад, на ӯ ба макон». Ҳаштум, он ки ҷой бар ҳамнишин танг нагардонад.
Агар пурсанд, ки куҷо нишастаӣ, бигӯй, бар замини абадият ва фарши хизмат.
Агар пурсанд, ки барои чӣ нишастаӣ, бигӯй, барои назар.
Агар пурсанд, ки бархезу биншин чӣ маънӣ дорад, бигӯй, маънии он аст, ки аввал бархез ба хизмат, охир биншин ба ҳурмат.
ФАСЛИ ШАШУМ
ДАР ОДОБИ СУХАН ГУФТАН
Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад.
Барои он ки нутқ ба савоб (сухани рост) бояд ва илло хомӯшӣ беҳ аз он бувад. Чунонки шайх Саъдӣ фармуда:
Баҳоим хамӯшанду гӯё башар,
Забон баста беҳтар, ки гӯё ба шар.
Ва дар сухан гуфтан чандин адаб аст, ки шайху ғолибро риоят бояд кард ва чандин адаби дигар аст, ки нозилон (шахси то мартабаи шайх расидаро) нигоҳ бояд дошт. Агар пурсанд, ки адаби ғолибон дар сухан гуфтан чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, он ки сухан фарохури (муносиби) ҳоли ҳар кас гӯяд:
Бо ёри нав аз ғами куҳан бояд гуфт,
Бо ӯ ба забони ӯ сухан бояд гуфт.
Дуюм он, ки ба лутф сухан гӯяд, на ба унф (дуруштӣ). Сеюм, он ки дар вақти сухан гуфтан хандон ва шукуфта бошад, на турушрӯю гирифта. Чаҳорум, чандон сухан ба мустамеъи (шунавандаи) он гӯяд, ки ба малоли хотири эшон наанҷомад. Панҷум, сухан гӯяд, ки манфиати дунё... дар он бошад. Шашум, то сухане тамоми баиёр (қадр) набошад, бар забон наронад, ки сухани бузургон ба масобаи (монандӣ) тухм аст ва агар тухм фосиду бемағз бошад, дар ҳар замин, ки афтад, нарӯяд ва аз ӯ манфиате ба ҳосил нарасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор