Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки ин кор аз кӣ мондааст ва ба таълими кадом мард пайдо шуд, бигӯй, ба таълими Луқмони Ҳаким ва он чунон буд, ки дар замони Луқмон аз Одиён подшоҳе буд, ӯро Амлики Од мегуфтанд ва бутпараст буд ва халкро ба парастидани бутон даъват кардӣ ва ӯро ду вазир буд, якеро Содиқ гуфтандӣ ва дигареро Саддуқ ва эшон худопарастӣ карданд... Бинобар ихтилофҳои мазҳаби подшоҳ вазиронро аз вилояти хеш берун кард ва онҳо назди Луқмон рафтанд... Луқмон барон онҳо баъзе гиёҳҳои доругиро мегуфт ва эшонро аз асрори нуҷум ва дақоиқи таъбири хоб чизе даромӯхт ва гуфт: — Биравед ва маърака бисозед ва онро майдони султони тасаввур кунед ва соябон барафрозед ва сандуқ биниҳед ва онро тахти султони хаёл бандед. Китобҳое, ки доред бар ҳам чинед ва онро дафтархона ангоред. Чун мардум бар шумо ҷамъ шаванд, хосияти ин доруҳо бигӯед ва бад-эшон фурӯшед, то ҳарчи ба дасти шумо ояд ва ҳамон амру наҳй дошта бошад... бигӯед. Пас Содиқу Саддуқ ин қавлро кор бастанд ва бад-он гуна, ки таълим дода буд, маърака бароростанд ва ҳар рӯз чизе бар он изофа шуд, то бад-ин мартаба расид.

Агар пурсанд, ки он чӣ махсус бад-эшон аст, чист, бигӯй, зилвача ва доира ва чаҳормех ва тосу милу кутуб. Агар пурсанд, ки зилвача ишорат ба чист, бигӯй, дар асл ишорат ба мартабаи вазорат бувад. Аммо назди аҳли тариқ ишорат бад-он аст, ки мо худро фарше зери пои мардон дорем ва рух бар хоки ниёз мемолем ва рӯй бар кафи пои аҳли дилон месоем...

Агар пурсанд, ки доира ишорат бар чист, бигӯй, ишорат бад он маънии ки мо аз доираи муҳаббат берун нестем. Ё маънии он аст, ки бар гирди худ мегардем ва ҳар чӣ металабем аз худ металабем, ки маркази доираи маърифат моем.

Маркази доираву нуқтаи паргор туӣ,
Гар ба худ дарнигарӣ оинаи ёр туӣ.

Агар пурсанд, ки чаҳормех чӣ маъни дорад, бигӯй, маънии он аст, ки соҳиби ин маърака, бояд ки аз чаҳор рукни бисот хабардор бошад ва ба чаҳор сифат мавсуф бувад: Аввал, илм; дуюм, ҳилм; сеюм, сабр ва чаҳорум, карам.

Агар пурсанд, ки маънии тосу мил чист, бигӯй маъниаш он аст, ки он чӣ дар тосҳое ҳаст барои инсон аст, чунончи тос намунаи фалак бошад ва ҳар кӣ тосу мил дар маърака ниҳад, чун фалак олиҳиммат бошад.

пешина
аз 242
навбатӣ