Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки кутуб дар маърака барои чӣ ниҳанд, бигӯй, барои он ки ҳар чӣ ба забони эшон гузарад исботи он аз китоб тавонанд кард.

Агар пурсанд, ки одоби ҳавосгӯён чанд аст, бигӯй, ҳафт: Аввал, он ки ғарази эшон аз гуфтугӯй матои дунё набудааст, балки мақсуди эшон нафъ ба одамон бошад. Дуюм, он ки дар ҳар чӣ мегӯянд муҳофизати ҳуқуқ... бикунанд. Сеюм, дурӯғ нагӯянд ва мардумро нафиребанд. Чаҳорум, дар фурӯхтани доруву шарбатҳо инсоф нигоҳ доранд. Панҷум, агар касе барои хариди дору пул надошта бошад бебаҳо ба вай диҳанд. Шашум, забон аз фаҳшу озор нигоҳ доранд. Ҳафтум, ба корҳои маънусшуда напардозанд.

ҚИСМАТИ СЕЮМ

ДАР БАЁНИ ҚИССАХОНОН ВА АФСОНАГӮЁН

Бидон, ки қисса хондан ва шунидан фоида бисёр дорад. Аввал, он ки аз аҳволи гузаштагон хабардор шавад. Дуюм, он ки чун ғароибу аҷоиб шунавад назари ӯ... кушода гардад. Сеюм, чун меҳнат ва шиддати гузаштагон шунавад, донад ки ҳеҷ кас аз банди меҳнат озод набудааст, ӯро тасалло бошад. Чаҳорум, чун заволи мулку моли салотини гузашта шунавад, дил аз моли дунё (сарватдӯстӣ)... бардорад ва донад, ки он бо касе вафо накарда ва нахоҳад кард. Панҷум, ибрати бисёр ва таҷрибаи бешумор ӯро ҳосил ояд. Пас, маълум шуд, ки дар қиссаҳои гузаштагон фоидае ҳаст, агар воқеӣ бошад ва бар он ваҷҳ, ки вуҷуд дошта бошад, хонда шавад, хонандаю гӯянда ва шунавандаро аз он фоидае расад ва агар ғайри воқеӣ бошад, гӯяндаро вубол (гуноҳ) бошад ва шунаванда фоидаи худ баргирад, чунончи гуфтаанд:

Нагӯянд аз сари бозича ҳарфе,
К-аз он панде нагирад соҳиби ҳуш.
В-гар сад дафтари ҳикмат бар аблаҳ,
Бихонӣ оядаш бозича дар гӯш.

Агар пурсанд, ки маънии сандалӣ ниҳодан чист, бигӯй, маънии он аст, ки ҳар кӣ ҳунаре дорад бояд ки аз мардуми дигар болотар нишинад, то ҳама аз дидори ӯ баҳра ёбанд. Агар пурсанд, ки сандалӣ аз барои кӣ мениҳанд, бигӯй, аз барои ҳунармандон ва ба воситаи он аст, ки дар ҳунармандӣ ва паҳлавонӣ ба сар омада, салотин ӯро бар сандалӣ нишонанд. Пас, ҳар кӣ паҳлавони майдони сухан бошад, ӯро расад ки бар сандалӣ нишинад. Агар пурсанд, ки сандалӣ чанд рукн дорад, бигӯй, чаҳор рукн: ду зер ва ду боло. Агар пурсанд, ки ду рукни боло ишорат ба чист, бигӯй, яке аз дониш ва яке аз биниш. Яъне, ҳар кӣ ба сандалӣ нишинад бояд, ки ҳар чӣ гӯяд ва ба назари биниш бубинад ва донад, ки ҳар маърака қобили чӣ навъ сухан аст.

пешина
аз 242
навбатӣ