Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
«Футувватномаи султонӣ» боарзиштарин осори панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, дар заминаи футувватномаҳои қаблӣ мисли: рисолаи Қушайрӣ, «Китоб-ал-футувват»-и Абдукарими Бағдодӣ, «Китоб-ал-футувват»-и Меъмори Бағдодӣ, «Китоб-ал футувват»-и Абдураҳмони Суламии Нишопурӣ, «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳаҷвирӣ, «Футувватнома»-и Хоҷа Камолиддини Абдураззоқи Кошифӣ, «Тӯҳфат-ул-иҳвон»-и Абдулло ибни Ҳусайн ал-Кошӣ ва дигарҳо ба вуҷуд омадааст. Инчунин дар таълифи ин асар муаллиф аз «Кимиёи саодат»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Асрор-ут-тавҳид»-и Абусаиди Абулхайр, «Кобуснома»-и Кайковус ва ашъори дилпазири шоирони классикии форсу тоҷик ва араб истифода бурдааст.
«Футувватномаи султонӣ» аз ҷиҳати дар бар гирифтани асосҳои футувват ва роҳу равиши ҷавонмардон комилтарин асари тарғиботӣ дар таърихи адабиётамон ба ҳисоб меравад, зеро Ҳусайн Воиз дар тадқиқи ин масъала ба тамоми майдаю ҷӯйдаҳо аҳамият медиҳад. Асар аз муқаддимаву дувоздаҳ боб иборат будааст. Аммо на ҳамаи бобҳо то ба мо расидаанд. Масалан, асар бо боби ҳафтум хотима ёфтааст ва панҷ боби дигар вуҷуд надорад. Боби ҳафтуми китоб низ нокис аст. Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷӯб — олими эронӣ нусхаи музеи Британияро ба нусхаи дар Теҳрон буда, ки ҳарду дорои ҳафт боб мебошанд, муқоиса намуда дар асоси нусхаи Британия «Футувватномаи султонӣ»-ро соли 1971 чоп намудааст. Муқаддима дорои се фасл аст. Боби якуму боби дуюм чор фасл, боби сеюм аз даҳ фасл, боби чорум аз ёздаҳ фасл, боби панҷум аз шонздаҳ фасл, боби шашум аз се фаслу чаҳордаҳ қисмат ва боби ҳафтум аз ҳафт фасл иборат мебошад.
Ҷавонмардӣ ва ташкилоти он то рӯзгори Ҳусайн Воиз ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва сиёсию фалсафӣ вуҷуд дошта, муҳимтарин рукнаш ҳимоя намудани манфиати мазлуму ҳунармандон аз ҷабру ситами ситамгорон будааст. Ҳусайн Воиз ҳамчун муҳаққиқи нуктасанҷ марому ғояи аҳли футувватро нек дарк намуда, «ақсоми ҷавонмардӣ мухтасар дар ду қисм аст: яке нафъ ба дӯстон расонидан ва он ба саховат ҳосил шавад. Дуюм, зарари душман аз эшон боз доштан, ки он ба шуҷоат вуҷуд гирад» гуфта будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор