Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Муаллиф дар муқаддима оид ба шарафи илми футувват чунин овардааст:
Дидаи дил аз футувват равшан аст,
Равзаи ҷон аз футувват гулшан аст.
Гар бувад илми футувват бар сарат,
Ҳар замон бахшад сафои дигарат.
Дар воқеъ, ҳар дақиқаи зиндагии футувватдорони ҷавонмард пур аз комёбиву саодатҳо ва нерӯмандиву кушодадастиҳо аст. Зеро мавзуи илми футувват нафси (ҷони) инсонро дар бар гирифта, одамро аз костагиву нобудӣ ва ночизиву беаслӣ ба сӯи феъли ҷамилаю сифоти ҳамида ва сафову саодати абадӣ раҳнамун месозад.
«Футувватномаи султонӣ» ҳамчун дастури ҷавонмардӣ барои муайян гардидани ахлоқи ҳамидаи пайравони оини ҷавонмардӣ 72 тарафро номбар кардааст, ки чунин андешаро мо дар романи «Самаки айёр» ҳангоми саволу ҷавоби Шаголи Пилзӯр ва Хуршедшоҳ низ нек дарёфт менамоем:
«— Ё паҳлавон, ҷавонмардӣ чанд хел дорад?
Шагол гуфт: — Ҳадди ҷавонмардӣ аз ҳад фузун аст, аммо он чӣ фузунтар аст, ҳафтоду ду тараф дорад ва аз он дуро ихтиёр кардаанд, яке нон додан ва дуюм роз пӯшидан».
Ҷавоби сарҳанги ҷавонмардон — Шаголи Пилзӯр, ки асосан нон додан ва роз пӯшиданро тарғиб кардааст, аз ташкилоти оппозитсионии аввали асрҳои миёна будани пайравони ҷавонмардӣ хабар медиҳад, зеро онҳо тайёранд барои паноҳандагон амон бидиҳанд ва рози ӯро ба қимати ҷон нигоҳ доранд. Ба мусофирону ғарибон ва паноҳандагон нон доданашон гувоҳи он аст, ки аз ҷиҳати моддӣ паноҳанда озору осебе набинад. Албатта чунин рафтори ҷавонмардон пеш аз ҳама ба вазъияти бисёр мураккаби табақаҳои асрҳои миёна мансуб будааст.
Ҷавонмардон асосан мардони амалӣ, ҳама аҳли ҳунари шаҳр мебошанд. Онҳо пайваста дар набардҳои табақотӣ ба муқобили аҳли ситам дар муборизаанд. Бинобар ин чунин қавмро аз даҳ хислат чора нест: онҳо ҳамеша кори ҳақро пайраванд, ба халқ аз рӯи инсоф муомила доранд, нафси худро ҳар лаҳза сарзанишу таҳқир доранд, ба бузургон хизмат менамоянд, хурдонро аз рӯи шафқату навозиш эҳтиром доранд, дӯстонро бо насиҳат, уламоро бо тавозуъ, ҳукаморо ба нармиву ҳалимӣ, душманонро ба саховат ва ҷоҳилонро ба хомӯшӣ пешвоз мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор