Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки пешбанд ишорат ба чист, бигӯй, ба дили одамӣ, ки сандуқи аҷоиб аст ва ҳар замон аз сифоту аҳволи ӯ ҳаракат диҳад, ба ин ҷиҳат ӯро қалб гӯянд, ки гардон аст...

Шамъи саропардаи шоҳӣ дил аст,
Балки назаргоҳи илоҳӣ дил аст.

ҚИСМАТИ СЕЮМ

ДАР БАЁНИ ҲОЛИ ҲУҚҚАБОЗОН

Агар пурсанд, ки ҳуққабозиро аз куҷо гирифтаанд, бигӯй, аз даври фалак, ки мӯҳраи меҳру моҳро бо тамоми ситорагон гоҳ пинҳону гоҳ ошкоро гардонад. Хоҷуи Кирмонӣ дар сифоти фурӯ рафтани кавокиб ва баромадани офтоб гуфтааст:

Сад ҳазорон мӯҳраи симин даруни ҳуққа бурд,
Ҳуққабози чарх, пас як мӯҳраи заррин намуд.

Агар пурсанд, ки ҳуққабозӣ чист, бигӯй, он ки бар даври замон эътимод накунад, чӣ ҳар замон ҳуққаи фалак мӯҳлати азизе ғоиб месозад ва аз ҳар тую нақши дигар менамояд ва ҷамъи шӯъбаҳоро бар ин қиёс бояд кард, ки чизе менамояд ва дар воқеъ чунин нест.

БОБИ ҲАФТУМ

ФАСЛИ АВВАЛ

ДАР МАЪНИИ ҚАБЗА ВА ШАРҲИ ОН, КИ ҚАБЗА
ЧАНД АСТ

Бидон, ки қабза дар луғат чизеро гӯянд, ки ӯро ба панҷаи даст фаро гиранд, чун қабзаи камону теғ. Он низ, ки ба панҷа фаро гиранд ва ба касе диҳанд қабза бошад чун қабзаи хурмо ва он ки ба кафи даст фаро гирифта ба касе диҳанд, ҳам қабза аст... Пас, ҳар кӣ чизеро фаро мегирад ва қабз мекунад онро қабза мегӯянд ва қабзаҳо чанд навъ аст: Аввал, он ки соҳиби қабза кори худ ба он тамом мекунад, чун қабзаи теғ ва қабзаи бел ва монанди он. Дуюм, он ки соҳиби қабза кори худ бад-он тамом мекунад, балки он низ яке аз адоти кори ӯст, чун қабзаи мола ва қабзаи теша. Аввалро қабзаи ал-асл ва сониро қабзаи ал-фаръ (нисбӣ) гӯянд.

Қабзаи аслӯ фаръ ба тамоми (якҷоя) бисту се ҳаст:
Аввал, қабзаи теғ. Дуюм, қабзаи сипар. Сеюм, қабзаи гурз. Чаҳорум, қабзаи камони ҳарб. Ин чаҳор аз онӣ сипоҳиён аст. Панҷум, қабзаи тағмок, ин хосан фаррошон аст. Шашум, қабзаи корд. Ҳафтум, қабзаи соғур.
Ҳаштум, қабзаи корди мол. Нӯҳум, қабзаи табар. Ин чаҳор қабза аз онӣ саллохон ва қассобон аст. Даҳум, қабзаи бел. Ёздаҳум, қабзаи ниём. Ин ҳар ду қабза аз они деҳқонону паҳлавонон аст. Дувоздаҳум, қабзаи мола, ин азони банноён аст. Сездаҳум, қабзаи дос, ин азони даравгарон аст. Чаҳордаҳум, қабзаи хоиск. Понздаҳум, қабзаи путк ва ин азони аҳли даму кӯра аст. Шонздаҳум қабзаи теша ва арра аст ва ин аз они аҳли тешаву арра аст. Ҳафдаҳум, қабзаи камони надаф ва ин азони ҳаллоҷону намадмолон аст. Ҳаҷдаҳум, қабзаи каданг ва ин азони қозурон ва рангрезон аст. Нуздаҳум, қабзаи кува ва ин азони аҳли дирафшу бахия аст. Бистум, қабзаи уту ва ин азони дарзиён ва тоқиядузон аст. Бисту якум, қабзаи кафча ва ин азони ҳалвогарону каннодон аст. Бисту дуюм, қабзаи сих, ин азони пуштакашон аст. Бисту сеюм, қабзаи конг ин азони чоҳканон аст.

пешина
аз 242
навбатӣ