Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки ин қабзаҳо, ки зикр карда шуд кадом ба як қабза тамом шавад ва кадом ба ду қабза тамом гардад, бигӯй, дувоздаҳ қабзаи он ба яке тамом шавад: қабзаи теғ, сипар, камони ҳарб, корд, согур, корди мол, камони надаф, молаву дос ва хоиску уту ва кува. Чаҳори он ба ду қабза тамом шавад: бел, путк, қафча, сихипушта. Ҳафти он ба як ё ду тамом шавад: гуру табар, тағмоку теша, каданг, кулангу ниём.

ФАСЛИ ДУЮМ

ДАР ҚАБЗАИ ТЕҒ

Теғ оинаи ҳарб аст ва ҳурмати бисёр дорад ва пушту паноҳи соҳиби худ аст ва ба мадади он дафъи душман тавон кард ва ба воситаи он аст, ки бузургонро ба теғ нисбат кардаанд, ки эшон паноҳи мулозимони худанд ва ба сабаби эшон душман мағлуб мегардад.

Агар пурсанд, ки пушти теғ кадом аст, бигӯй, бозӯи марде, ки ба мадади он теғ тавон зад.

Агар пурсанд, ки рӯи теғ кадом аст, бигӯй, таваҷҷӯҳ намудан ба дафъи душман.

Агар пурсанд, ки забони теғ чӣ мегӯяд, бигӯй, аз рӯи хол қабза баён мекунад.

Агар пурсанд, ки теғро ба чӣ нисбат кардаанд, бигӯй, ба гули райҳон, ки ҳар замон дар бӯстони маърака шукуфта бошад.

Агар пурсанд, ки сари теғ кадом аст, бигӯй, бо ҳунари мардӣ бардоштан.

Агар пурсанд, ки ҷавҳари теғ кадом аст, бигӯй, ба нияти пок мубориза кардан.

Агар пурсанд, ки банди теғ кадом аст, бигӯй, ба ҷавонмардӣ бардоштан ва ба мардӣ нигоҳ доштан.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи теғ чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Т» — таманно, «И» — якдилу якҷиҳат будан, ки ҳар кӣ дар кори худ бо тараддуд бувад, лоиқӣ қабза набувад, балки дарҳури теғ бувад. «Ғ» — ғафлат наварзидан ва дар маросими ҳарб ҳушёру бохабар будан.

Агар пурсанд, ки даст бо теғ чӣ мегӯяд, бигӯй, мегӯяд: «кор кун, то сарафроз шавӣ».

Агар пурсанд, ки теғ бо даст чӣ мегӯяд, бигӯй, мегӯяд: «маро нигоҳ дор, то туро нигоҳ дорам».

Агар пурсанд, ки теғ чанд навъ аст, бигӯй, ҳафт навъ: Аввал, теғи ҷафо ва он теғе бошад, ки бар рӯи мардуми меҳнатӣ кашанд. Дуюм, теғи сафо ва он теғе бошад, ки бад-он касеро, ки мустаҳиқи куштан шуда бошад, бикушанд. Сеюм, теғи вафо ва он теғе бошад, ки ба мадади бародар баркашонанд ва шарри золиме аз сари вай дафъ кунанд. Чаҳорум, теғи ғазо ва он асли ҳамаи теғҳост, ки бад-он душманро несту нобуд кунанд. Панҷум, теғи ҷазо, он теғест, ки ҳамеша бо худ доранд, ки агар душмане қасди он кунад ҷазои он ба вай расонад. Шашум, теғи баҳо — он теғест, ки барои зиннат бо худ доранд ва ҳаргиз кор нафармоянд. Ҳафтум, теғи ҳаво он чунон бошад, ки касе теғе мебандад, ба ҳавои дилу орзуи нафси худ аст, на ба тариқи суннат ва на ба иҷозати мардону пирон. Чунин касро теғ бастан нарасад.

пешина
аз 242
навбатӣ