Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Сипар ба дӯш гирифтӣ барои тири аҷал,
Чу тир бар ҷигар омад, сипар чӣ суд кунад?
Дуюм, пок даст ба қабзаи сипар бурдан... Чаҳорум, чун сипар баргиранд, қабзаи онро бӯса диҳанд. Панҷум, чун аз гардан берун кунанд ба таъзими тамом ҷое биниҳанд.
Агар пурсанд, ки шакли сипару қабзаи ӯ ба чӣ монад, бигӯй, ба доира.
Агар пурсанд, ки маънии доира ва марказ чист, бигӯй, маънии он аст, ки он кӣ сипар ба даст гирад, бояд дар доираи мардӣ ва мурувват ҳамчу марказ пойдор бошад. Чунон ки сипар ҳимояти ӯ мекунад ӯ низ ҳимояти фақирон ва дармондагон кунад, то шоистаи он қабза бошад.
Агар пурсанд, ки қабзаи сипар ишорат ба чист, бигӯй, ба оина.
Агар пурсанд, ки маънии оина чист, бигӯй, он ки чун хасм дар вай нигарад, ӯро танбеҳе шавад, ки чун оина софдил бояд ва аз сари хусумат бигзарад.
Агар пурсанд, ки домани сипар ишорат ба чист, бигӯй, бад-он ки заифонро дар зери домани (ҳимоя) худ аз зарари ситамкорон нигоҳ дорад.
Агар пурсанд, ки банди сипар чист, бигӯй, дар банди мададгорӣ ва ҳимояти бечорагон будан.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи сипар ба чист, бигӯй, «С» — ишорат ба саховат, «П» — ба пурдилӣ, «Р» — ба ризо, яъне соҳиби ин қабза бояд ки сахиву ҷавонмард бошад, ки дар вақти ҷанг, агар касе аз вай зинҳор хоҳад, ӯро зинҳор диҳад. Ва дигар, бояд ки пурдилу боҷуръат бошад, то сустӣ наварзад. Дигар, бояд ки розӣ бошад, то агар захме ё офате ба вай расад, бад-он сабаб дилаш аз ҷой наравад ва дар кори худ фурӯ намонад.
ФАСЛИ ЧАҲОРУМ
ДАР ҚАБЗАИ ГУРЗ
Ин силоҳи паҳлавонон ва саромадони майдони ҳарб аст. Агар пурсанд, ки соҳиби ин қабзаро чанд адаб риоят бояд кард, бигӯй, панҷ: Аввал, он ки ба покӣ бояд даст ба вай расонанд. Дуюм, дар вақти бардоштан боварӣ доштан... Сеюм, ҳар ҷо биниҳад, аз рӯи таъзиму эҳтиром биниҳад. Чаҳорум, барои бозӣ кор нафармояд. Панҷум, чун даст ба вай кунад, пиру устоди худро ёд кунад.
Агар пурсанд, ки рӯи гурз кадом аст, бигӯй, дафъи зулму ситам.
Агар пурсанд, ки сари гурз кадом аст, бигӯй, душманонро сар гирифта доштан. Агар пурсанд, ки қабзаи гурз кадом аст, бигӯй, бар хасм зафар ёфтан ва бад-он сарфароз гаштан. Агар пурсанд, ки дастаи гурз ишорат ба чист, бигӯй, даст дар ростӣ задан ва ба дурустӣ кор кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор