Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Шашум, аз кундӣ ва раҳна шудан муҳофизат намояд. Ҳафтум, гар ӯро халале падид ояд зуд тадоруки он кунад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи корд ишора ба чист, бигӯй, «К» — карам аст. Соҳиби ин қабза бояд, ки бокараму ҷавонмард бошад. «А» (алиф) — эҳсон аст. Соҳиби ин қабза бояд ки накӯкор бошад ва аз озор дур бувад. «Р» — равшанӣ аст. Бояд ки ҳар кӣ ин қабза ба даст гирад, равшандил бошад. «Д» — дилдорӣ аст. Бояд ки соҳиби ин қабза дар мақоми хушахлоқиву дилҷӯӣ бошад, то гирифтани ин қабза бар вай ҳалол бувад.
Агар пурсанд, ки қабзаи сотур (табарчаи қассобӣ) кӣ тавонад гирифтан, бигӯй, он кас ки ҳавои нафсро поранда карда бошад ва аз тааллуқоти нафсонӣ ва шайтонӣ дур гашта бошад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи сотур ишора ба чист, бигӯй, сотур панҷ ҳарф аст ва ҳар як ишорат ба сифатест. «С» — аломати саломатии нафс аст. «О» — бо пирон гирад ва дар роҳи худ комил гардад. «Т» ва «У» — нигоҳ доштани ҳоли худ кунад ва «Р» — риёзаткаш (тоқатовар) бошад.
Агар пурсанд, ки маънии қанора (ҷангаки қассобӣ, ки гӯшт меовезанд) чист, бигӯй, дили худ дар бозори шавқ ҷилва додан, то ба нури маърифат дарёфт гардад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи қанора чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Қ» — қаноат, «Н» — ниёз, «О» — эҳтиёт, «Р» — ростист ва «Х» — аз ҳиммат аст. Яъне соҳиби қанора бояд қаноат кунад, ниёзманд бошад, дар кори худ эҳтиёт ба ҷой орад ва ростӣ варзад, беҳимматӣ накунад, то қанора ниҳодан ӯро мусаллам бошад.
Агар пурсанд, ки қабзаи тир аз они кист, бигӯй, аз они касест, ки бути нафсро ба тири табарро (қаноат) шикаста бошад.
Агар пурсанд, ки ҳақиқати табар чист, бигӯй, шикастагии сурат ва дурустии маънӣ.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи табар чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Т» — табарро, «Б» — бурдборӣ, ва «Р» — риёзат аст. Ҳар кӣ ин қабза дар даст гирад, бояд ки парҳез кунад ва бурдбор бошад ва нафсро риёзат фармояд.
Агар пурсанд, ки маънии пешовез чист, бигӯй, ин маъни он аст, ки дили худро ба кулоби муҳаббат вобастаем.
Агар пурсанд, ки қабзаи корди молӣ ҳаққи кист, бигӯй, ҳаққи касест, ки ҷавонмард бошад. Барои он ки ин васларо сари ҷавонмардони олам ба ҷавонмарди басрӣ ҳавола кардаанд. Пас, ҳар кӣ ҷавонмардӣ надошта бошад, даст ба ҳаққи ҷавонмардон натавонад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор