Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки «А»-и корди мол чист, бигӯй, ростӣ ва дӯстӣ, ки ҳар кӣ корди мол овезад, бояд ки росту дуруст бошад.

Агар пурсанд ки се ҳалқае, ки дар «А»-и корди мол бошад ишорат ба чӣ чиз аст, бигӯй, ҳар кӣ ин қабза дорад бояд, ки аз мартабаҳои роҳ бохабар бошад.

Агар пурсанд, ки ҳақиқати қассоби чист, бигӯй, ҷавонмардӣ.

Агар пурсанд, ки ҳақиқати саллохӣ (қассоби) чист, бигӯй, аз пӯсти худбинӣ берун омадан.

Агар пурсанд, ки одоби қассобон чанд аст, бигӯй, чаҳор ва онро аз чаҳор ҳарфи номи қассоб гирифтаанд. «Қ» - қабул, «С» — сидқ. Бояд ки дар харидану фурӯхтан ва гуфтану шунидан ростӣ варзад ва роҳи каҷ наравад. «А» — ишорат ба инсоф аст, яъне дар қисмат кардани гӯшт инсоф нигоҳ дорад, то ҳиссаи ҳар васла аз устухону чарбуи он миқдоре бидиҳад, ки лоиқи ӯ бошад. «Б» — ишорат ба некукорӣ аст. Бояд, ки ҳар чӣ кор кунад даркор кунад, то аз фарзандони ҷавонмард бошад.

Агар пурсанд, ки пешгир ва такура кадом аст, бигӯй, ба иттифоқ пешгир азони қассобон аст. Аммо такура ба иттифоқ азони саллоҳон аст.

Агар пурсанд, ки адаби такура бастан чист, бигӯй, он ки фақирону дардмандонро дар зери домани шафқат ҷой диҳад...

АХЛОҚИ МУҲСИНӢ

ДАР ШУКР

Шукр сипосу ситоиш бошад ҳар мунъимро, чун салтанат бузургтарин неъматҳост, пас султон бояд, ки ба шукргузорӣ ва сипосдории ин неъмат қиём намояд ва шукр ҳам ба дил бошаду ҳам ба забон... Ҳар узверо аз аъзо ба тоате, ки бад-он узв махсус аст, машғул гардонад: масалан тоати чашм он аст, ки назар дар мухолифот ба ибрат кунад ва дар уламову сулаҳо (некмард) ба назари ибрат бингарад ва дар заифону зердастон ба шавқат нигоҳ кунад. Тоати гӯш истимои калом ва ахбору қисаси акобирон ва панду насоеҳи машоих ва аҳли яқин аст. Тоати даст эҳсон ба фақирону мӯҳтоҷон. Тоати пой рафтан ба мавзеи дарвешону гӯшанишинони бетамаъ ва зиёрати уламо мебошад. Шукргузорӣ сабаби зиёдии неъмат аст:

Шукр сӯи шаҳри саодат барад,
Ҳар ки кунад шукр зиёдат барад.

Овардаанд, ки Султон Санҷари мозӣ (гузашта) дар деҳе мегузашт, хирқапӯше бар сари роҳи ӯ истода буд, салом кард ва Султон чизе мехонд сар ҷунбонд ва ба забон ҷавоби вай нагуфт. Дарвеш гуфт: «Салом кардан суннат аст ва ҷавоб додан фарз. Ман суннат ба ҷой овардам, ту чаро тарки фариза кардӣ?» Султон аз рӯи инсоф ва салобат инон (лаҷом, ҷилав) баркашид ва боэътироз даромада фармуд, ки эй дарвеш, ба шукргузорӣ машғул будам аз ҷавоби ту ғофил гаштам:

пешина
аз 242
навбатӣ