Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Аз моҳ то ба моҳиву аз арш то ба фарш,
Ҳар заррае ораз шуда мустағриқи наим.
Дарвеш пурсид, ки ба чӣ навъ шукр мегуфтӣ? Султон ҷавоб дод, ки шукри ҷамии неъматҳо мекардам. Дарвеш гуфт: «Эй султон, ту тариқи сипосгузорӣ намедонӣ ва вазифаи шукргузорӣ ба ҷой намеорӣ, ки рӯзгори давлати туро ҳосилу айёми шавкати туро шомил аст ва шукр на ҳамин бошад. Шукр он аст, ки ҳар чӣ дорӣ, шукре ки муносиби он аст, ба ҷой орӣ». Султон Санҷар илтимос намуд, ки маро бар он матлаъ (воқиф) гардон ва дарвеш гуфт: «Шукри салтанат адл аст бар умуми оламиён. Эҳсон бо ҷомиъи одамиёнӣ ва тамаъ накардан дар амлоки раият ва шукри фармонравоии ҳак хизмати фармонбарон шинохтан ва шукри баландии бахту бисёрии иқбол бар афтодагони хоки манзалат раҳм кардан ва шукри маъмурӣ хазонаи садақоти хайротро ҷиҳати аҳли истеҳқоқ муфрад доштан ва шукри қудрату қувват бар оҷизон ва заифон бахшудан, шукри сӯҳбати беморони ситамрасидаро аз қонуни адл шафоат фармудан ва шукри бисёрин лашкару сипоҳ осеби эшон аз мусулмонон дур сохтан, шукри иморатҳои олӣ ва боғҳои биҳиштоин масокину мазомини раиятро аз нузули (фуруд омадан) хадаму ҳашам маоф доштан ва хулоса, шукргузорӣ он аст, ки дар ҳоли хашму ризо ҷониби ҳак фурӯ нагузорӣ ва осоиши халкро бар осоиши худ муқаддам дорӣ:
Наосояд андар диёри ту кас,
Чу осоиши хеш хоҳию бас.
Султон завқи суханони он дарвеш дарёфта, хост, ки аз маркаб фуруд ояд ва вайро зиёрат кунад, чун нек нигарист ҳеҷ ҷо дарвешро надид ва касе аз вай нишоне надод. Бифармуд, то ин калимотро ба оби зар навиштанд ва дастуруламали рӯзгори худ сохт:
Панди ҳаким сайқали синаи дил аст,
Мақсуди ҳар ду олам аз он панд ҳосил аст.
ДАР САБР
Сабр сифати бағоят мақбул аст. Таърифи сабр ҳамин аст, ки ба мазмуни он дар ахбор омадааст...
Сабр беҳтар мардро аз ҳарчи ҳаст,
То бинёбад бар муроди хеш даст.
Ҳар ки дар тирборони ҳаводис сипари сабр дар сар кашад, зудтар хаданги умедаш ба ҳадафи мурод бирасад. Зеро ки сабр мифтоҳи (кушоиши) кор аст ва дари хонаи роҳаш ҷуз бад-ин калид накушоянд. Дар калимоти мулуки Туркистон овардаанд, ки Афросиёб мардуми худро гуфт, ки ба ҳайсияти шафқати эшон фирефта машавед ва ба лофе, ки зананду даъвое, ки кунанд, мағрур мағардед, то вақте ки эшонро биозмоед ба сабру пойдорие, ки агар бар маҳаки сабр тамоми айёрандешонро ба мардонатӣ эътибор кунед:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор