Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нола боле мезанад дигар мапурс аз ҳоли дил,
Ришта дар хун метапад, гавҳар намедонам чӣ шуд.

Хонаи акаи Баҳром ҳоло парешону кулфаткада буд. Янгаи Саидаро кӯҳи ғам дар як шаб дигаргун сохтааст. Сархаму кулфатзада. Бо дидани ман сӯхтани дилашон бештар шуд. «Баҳром мегуфтанд, кошкӣ Мирзо як шаб меомаданду сӯҳбат мекардем». Шаб дар ҳуҷраи кории акаи Баҳром ба ман ҷойи хоб андохтанд. «Ҳамин ҷо хоб мекунед, рӯҳи акаатон шод мешавад» гуфтанд. Вале магар хоб мебарад? Ҳама чизи ин хона ба ман шинос.. Болои мизи корӣ мақолаи фақат як рӯйи варақ навиштаи «Одаму одамгарӣ» мехобид, ҳамчунин қалам, як даста коғази сафед. Назарам ба рафъи китобҳо афтид. Мо гоҳ-гоҳ бозори китоб мерафтем. Ҷавоне ҳашт ё нӯҳ китоби нашрияи «Дружба народов»-ро якҷоя мефурӯхт. Акаи Баҳром барои китоби нависандаи гурҷӣ Амираҷибӣ ҳамаашро хариданд. Ва чӣ қадар хурсандӣ мекарданд. Дар ҳар китобе, ки ин ҷо ҳаст, чунин хурсандиву орзуҳо ниҳон аст.

Эҳ одамӣ, чӣ қадар нодону сода аст. Ҳар лаҳзааш бо орзуву умеде мегузарад. Ва оё ин ҳама орзуву умедҳои дил ҳамроҳи рӯҳат ба осмон меравад? Кадом донишманде гуфтааст:

Беруни ин биёбон пар мезанад ғуборе,
Эй маҳрамон, бубинед, умеди мо набошад?!

Субҳидам ҳамроҳи Искандар сари қабр рафтем. Қабрро дидаму дилам таҳ зад. Наход он марди чамандӯст, ошиқи зиндагӣ, китобнавис ин ҷо хуфта бошад? Болои қабрро гулчанбарҳои ҳанӯз гулашон тоза пӯшондааст. Инҳо нишони садоқати зиндаҳо. Ба роҳи охират бо гулҳо гусел мекунанд. ҳамчунон дар болои сар ниҳоли сершохест, ки гулҳои зард дорад. Искандар лабонашро газида худдорӣ мекунад, то ки оби дидааш ҷорӣ нашавад. Аслан, қабристони «Гумбази Қошуқ» сердарахту сергул аст. Аз байни анбӯҳи дарахтоне, ки қисман сабзанду қисман заб-зард шудаанд, навои ҳар гуна мурғон меояд. Ман дар ҳар гулу гиёҳ чеҳраи пуртабассуми Баҳромро мебинам ва дили баргаштан намекунам. Вале чанд меистӣ? Раҳораҳ аз дилам гузашт, ки дар ин гулшан навои Баҳром ҳам мисли навои мурғоне, ки онҳоро намебинам, танинандоз аст ва ба гӯши наслҳое, ки баъди мо меоянду мераванд, низ хоҳад расид.

пешина
аз 94
навбатӣ