Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз сари мо низ ҷаҳон хоҳад буд,
Ин гиряву ханда ҷовидон хоҳад буд.
Обе, ки ба ҷӯй меравад нолон аст,
З-ин ҷӯй гузаштан ормон хоҳад буд.

с. 1999

ДОДОҶОН РАҶАБӢ
нависанда

ҚАЛАМКАШИ СЕҲРНИГОР

Ин қаламкаши сеҳрнигорро ман ҳанӯз аз айёми таҳсил дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С. М. Киров (феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) мешиносам, ҳурмат мекунам ва то зинда ҳастам, ёди некашро пос медорам. Вай ҷавони он вақт хеле пурҳарорат, боғайрат, фошгӯ ва ҷасур буд, аммо зимоми фурӯтанӣ ва фақириро ҳаргиз аз даст намедод. Ба тори нозуки дилаш нохун назанед, ҳамеша омода буд, ки ҷонашро бароятон қурбон кунад. Овозаш ҳалим ба гӯш мерасид. Кам-кам, дер-дер табассум мекард, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ табассуми сохта, хандаи дилу бедилон карда наметавонист. Суханашро – хоҳ талх бошаду хоҳ ширин даставвал аз ғалбери ақлу ҳуш гузаронда, сонӣ ба забон меовард. Аз гирумон, нишастухез ва ниҳоду хӯяш яқин буд, ки ҳам дари мадраса дидаасту ҳам кӯйи майкада, яъне аз бисёр баду неки ҷаҳон огаҳӣ дошт. Вақте ҳарф мезад, барои далели сухан на фақат аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Хайёму Мавлоноии Рум ва ё Айнию Лоҳутию Турсунзода, балки бештар аз осори фалсафа ва кимиёгарону риёзидонҳои ҷаҳон мисолу иқтибосҳо меовард. Ин далели он буд, ки ҷӯраи ҷонии ман Баҳром Фирӯз он гуна китоб хонда, маънияшро ҳазм кардааст, ки асло монед.

Дар факултаи таъриху филологӣ ман дар соли чорум ва Баҳром дар соли сеюм таҳсил мекардем, ки ба ҳам дар маҳфили «Адибони ҷавон» дасти дӯстӣ дароз кардаем. Баҳром он вақт шеър менавишту банда ҳикоя. Ҳамин ки навиштаҳоямон аз ордбези маҳфил мегузашт, ҳамроҳ назди устод Раҳим Ҷалил мерафтем. Устод шеъри нахустини Баҳромро бидуни ягон таҳрир, ҳатто нуқта-вергулашро нарасида мақбул донистанд. Дере нагузашта он шеър дар саҳифаи «Ленинободи адабӣ»-и рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» дар шафати ҳикояи банда «Моҳинисо шумоед?» ба табъ расид. Бо ҳамин мавҷи сарнавишт, бидуни ягон тадбири ташкил, ману Баҳромро ба як самт мекашид. Баъди хатми Донишкада банда ба тариқи соатбайъ ба ҳайси омӯзгори забони адабии тоҷик, Баҳром баъди як соли хатм ба вазифаи омӯзгори адабиёти классикӣ дар ҳамон таълимгоҳ ба кор мондем (аз соли 1961 то соли 1963-64).

пешина
аз 94
навбатӣ