Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Дар яке аз рӯзҳои аввали сабақомӯзӣ устоди фанни адабиёт Наимов доир ба «Давраҳои адабиёт» сухан карданд. Дар рафти такрори мавзӯи дарс устод бо аҳли синф саволу ҷавоб мекарданд ва саволҳо медоданд, ки.дар саволу ҷавоб «шаҳриҳо» фаъол буданд…
Дарси навбатиро устод аз пурсидани вазифаи хонагӣ «Давраҳои адабиёт» оғоз карданд. Ҳама хомӯш. «Шаҳриҳо»-и фаъол ҳам сархам менишастанд… Ин вазъияти ногувор хеле тӯл кашид… Пас устод бо ангушташ ба Баҳромҷон ишора карда: -Канӣ, ту писар, хез ва оид ба давраҳои адабиёт чизи медонистаатро нақл кун гуфтанд.
Баҳромҷон хест, ба назди тахтаи синф баромад ва давраҳои адабиётро чунон бо шавқу завқ нақл кард, ки ҳама дар ҳайрат монданд. Аҷибаш он ки ҳар як давраи адабиётро номбар карда, бо ангушти ишоравиаш гӯё он давраҳоро махсус ҷудо мекард…
Устод Наимов аз ин ҷавоби шогирд дар ғояти хурсандӣ ба Баҳромҷон офарин гуфтанд ва ба аҳли нишаст муроҷиат карданд: «Ҳақ ба ҷониби он бузурге, ки гуфтааст: «Шутурро қаду бузро ришу булбулро сухан…». Аз ҳамон рӯз фикру муносибати устод ва муомилаи «шаҳриҳо» нисбати қадпастони рустоӣ, аз ҷумла Баҳромҷон дигар шуд…
«Касал»-и китобхонии Баҳромҷон
Баҳромҷон асарҳои бадеиро бисёр ва буррову бо суръат мехонд. Ин хислати Баҳромҷон ба устод Наимов бештар хуш омад ва байни Баҳромҷону устод Наимов риштаҳои дӯстӣ мустаҳкамтар шуд. Ин ҳолат як навъ рашки дигарон, махсусан «шаҳриён»-ро меовард…
Рӯзҳо пайи ҳам мегузаштанд.… «Рустоиён»-и ботамкину шармгин аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар саволу ҷавоб нисбати «шаҳриён» фаъолтар мешуданд. Санҷишу имтиҳонҳои нимсолаи аввали таҳсил наздик меомад. Устодон гаштаю баргашта таъкид мекарданд, ки ба санҷишу имтиҳонҳо хуб тайёр шавем. Ҷараёни тайёрӣ ба санҷишу имтиҳонҳо шаҳриҳоро ба рустоиҳо бештар наздик мекард. Акнун бараъло ҳис мешуд, ки бачаҳои рустоӣ назар ба бачаҳои шаҳрӣ дарсҳоро беҳтар аз худ мекунанд ва донишашон аз ҳамаи фанҳо хуб аст, ки Баҳромҷон яке аз пешқадамон ба ҳисоб мерафт… Ниҳоят давраи санҷишу имтиҳонҳо фаро расид, ба иборае давраи «ғалберро аз об бардоштан» омад, ки баъди нимсолаи аввал баъзеҳо (аксаран бачаҳои шаҳрӣ) омӯзишгоҳро тарк карданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор