Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Рӯзе бегоҳӣ Баҳромҷон (мо ҳарду дар як ҳуҷраи хобгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Сӯзангарон иқомат мекардем) маро даъват кард, ки бояд ба хонаи устод равем. Ман ҳайрон сабаб пурсидам, ки барои чӣ ба хонаи устод меравем?
Баҳромҷон кӯтоҳ ҷавоб дод, ки китоб мехонем.Мани дар ҳайрат боз пурсидам, ки чаро китобро дар хонаи устод мехонем? Баҳромҷон дар ҷавоб гуфт, ки дер шеда истодааст, рафтем, ҳамаашро дар роҳ мефаҳмонам. Мо ҳар ду сӯйи хонаи устод Наимов равона шудем. Дар роҳ Баҳромҷон ба ман гуфт, ки чашмони устод дардманд, бисёр китоб хонда наметавонанд. Аз ман хоҳиш карданд, ки шаб каме китоб хонаму он кас гӯш кунанд. Гуфтам, ки дар вақти бозгашт дер мешавад ва ман худам танҳо метарсам. Устод гуфтанд, ки чаро танҳо? Рафиқат Раҳматҷонро ҳамроҳ гир, дар вақти китоб хондан монда, ки шудӣ, вай мехонад. Ана барои ҳамин туро ҳамроҳ мебарам…
Мо ба хонаи устод расидем. Баҳромҷон дарвозаро кӯфт, ки устод ба пешвози мо бароманд ва ба хоначае, ки дараш боз буд, таклиф карданд. Дар ҳуҷра як мизи хурди дар ду тарафаш ду кӯрпачаи «як об шустагӣ» партофтагӣ. Болои мизи пастакак як чойники сурхи «қирмизӣ» ва ду пиёла. Устод моро ба нишастан таклиф намуданд. Мо ҳар ду ҳампаҳлӯ аз қисми поён ва худи устод рӯ ба рӯйи мо нишаста «хуш омадетон» гӯён аз мо ҳолпурсӣ карданд. Мо бо изҳори ташаккур ба устод саволомез нигаристем. Устод он чӣ ки дар роҳ Баҳромҷон ба ман дар бораи чашмони дардмандашон гуфта буд, мухтасар нақл карданд ва хандаомез гуфтанд, ки акнун шумоён чашмони ман шавед… Мо чун пионер доимо тайёр будани худро изҳор кардем.
Устод аз чойники «қирмизӣ» як пиёлагӣ чой рехтанду аз рафъе, ки китобҳои бисёре чида шуда буд, як китобро гирифта назди мо монданд ва гуфтанд:
— Ана аввалин китобе, ки шумоён бояд хонед ва мо якҷоя аз мазмуну мундариҷаи он хабардор шавем. Ин китоби устод С. Айнӣ «Ғуломон» буд. Ин шаби аввалини китобхонии мо буд. Баҳромҷон китобро гирифта ин тараф он тарафашро аз назар гузаронида пас ба хондан сар кард. Ӯ чунон бурро ва босуръат мехонд, ки кас роҳат мекард. Ман аз зери чашм дуздона ба устод нигоҳ мекардам. Он кас бодиққат хондани бофасоҳати Баҳромҷонро гӯш мекарданд. Вобаста ба рафти тасвири ҳодисаю воқеаҳои матн симояшон гоҳ ҷиддӣ мешуду гоҳ табассум дар лабонашон гул мекард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор