Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Чӣ илоҷ, ки қисмат дар айни авҷи камолоти эҷодиаш моро аз Баҳромҷон ҷудо кард ва дидорро ба қиёмат гузошт…
Ӯ дар дилу хотири ман ҳамеша зинда. Ёдашро гиромӣ медорам ва даст ба дуо мебардорам, ки Худованд хонаи охираташро обод дорад!.
августи с. 2009
РАСУЛ ШАРИФОВ
Корманди шоистаи
Тоҷикистон
ОРИФОНА МЕГУФТУ ОЛИМОНА МЕНАВИШТ…
Дар яке аз кӯчаҳои хушманзару зебои таърихии Самарқанди бостонӣ – Даҳбед, таълимгоҳе бо номи Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикӣ фаъолият мекард. Дар омӯзишгоҳ донишҷӯён аз шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои гирду атрофи вилоят таълим мегирифтанд. Роҳбарону омӯзгорон ва мутахассисони касбу кори гуногуни ин даргоҳи муқаддасу овозадор кордону донишманд ва соҳибҳунар буданд. Донишҷӯён бо гузашти айём пас аз шиносойӣ ба кори таълиму тарбия дар омӯзишгоҳ ва устодони ғамхору меҳрубони он ба хулосае меомаданд, ки даргоҳи илму маърифат аз донишгоҳҳои олӣ мондание надорад ва муаллимону мураббиён аз ҷиҳати дониши касбӣ, ҷаҳонбинӣ, фарҳангу маърифат ва таҷрибаи назарию амалӣ бе шакку шубҳа, аз докторҳою профессорони номӣ кам набуданд. Онҳо на танҳо дар инкишофи илму маърифат, таълиму тарбия ва усулҳои нав ба нави омӯзгорӣ саҳми зиёде доштанд, балки бо одобу ахлоқи ҳамида ва хислатҳои наҷиби инсонӣ ба дилу дидаҳо ҷой гирифта, ба фазилату истеъдоди ҷавонон илҳому нуру қувват мебахшиданд. Ба хусус устодони хирадманд дар донишу таҷриба нотакрору беҳамто буданд.
Агар мо имрӯз ному насаби покизаю симои дурахшони онҳоро вирди забон карда, хидматҳои шоистаашонро пеши назар оварда, ҳар қадар аз корнамоиҳояшон сухан гӯем, кам аст.
Директори омӯзишгоҳ Юнус Юсуфӣ марди миёнсолу миёнқади газгӯшт, забондони моҳир буд. Се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русиро ба дараҷаи олӣ медонист. Илова бар ин, нотиқи бурро буд. Мунозираву мубоҳисаро дӯст медошт. Азбаски дар дастгоҳи идора аз мусоҳиб то дафтари хоҷагии коргузорӣ мутахассисони рус ифои вазифа мекарданд, эшон ҳамроҳи онҳо ба забони софи русӣ ҳарф мезад, ба санъати забондониву суханронии ӯ қоил мешудем. Юсуфӣ на танҳо роҳбари ташкилотчию моҳир, балки донишманд, навовар ва сиёсатмадор буд. Дастоварду комёбиҳои илму маърифати устодону шогирдонро дар интизоми қатъӣ медид. Дӯстию бародарӣ, ростию адолат ва одоби ҳамидаи байни муаллимону донишҷӯёнро доимо талқин мекард. Ғамхорию меҳрубонӣ ва кӯмаку дастгирии хонандагонро вазифаи асосии хеш медонист. Сахтгир ҳам буд, дар караму навозиш низ саховати баланд дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор