Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кӯҳҳо – гаҳвораи ман, аввалин ҷавлонгаҳам,
Аз ҳамин ҷо роҳи умру зиндагӣ сар кардаам.
Аз ҳамин ҷо бори аввал чашми ҳайрат дӯхта,
Ман ба паҳноии олам низ бовар кардаам...

Баҳром Фирӯз зодаи яке аз шаҳракҳои дурдасти тоҷикнишини Нуратои Самарқанди бостонӣ, айёми бачагиашро дар деҳаи кӯҳистони бобояш – Устук гузаронида, дар ҳамон ҷо мактаби ҳафтсоларо хатм намуд. Шавқи касбу ҳунар ӯро хеле барвақт – баъди ба итмом расонидани мактаби ҳафтсола ба маркази куҳани илму фарҳанг – Самарқанд бурд, дар омӯзишгоҳи тоҷикии омӯзгорӣ бо устодони дилсӯз Мария Аванесовна, Наимӣ рӯ ба рӯ карда, аз лутфу марҳамат ва ғамхориашон бархурдор намуд ва баъдтар тақдиру қисмат ба Хуҷанду Душанбе овард. Ӯ ба шоҳасарҳои адибони ҷаҳон ошно шуд, ба каломи бедеъ дил баст. Нахустин таронаҳояшро эҷод кард, аз устодони сахтгиру меҳрубон, аз қабили Раҳим Ҷалил ҳусну қубҳи ашъори шогирдонаашро шунид.

Ҳамешаву дар ҳама ҷо бо ёди айёми хуши кӯдакию хаёлҳои рангини бачагӣ мезист. Аз кӯҳсорону оби равони он худро ҷудо тасаввур карда наметавонист. ҳамин хаёлҳои ширину рангини даврони кӯдакию бачагӣ буд, ки ҳар саҳар ба лаби дарё мерафт. ҳар гоҳе ки фурсату имконият даст медод, бе ҳеҷ тааммулу андеша роҳи дараи Варзоб ё Теппаи Самарқандро пеш мегирифт. Барояш тафовуте надошт, ки айёми гармои тобистон аст ё ҳукмронии сармои зимистон. Муҳим он буд, ки даме, лаҳзае ба таллу теппаҳо баромада, бо оби равон, шаху санги кӯҳсорон рози дил мегуфт, сафҳаи хотираҳои гуворояшро варақгардон мекард.

Ба ҷаҳони орзуҳо мепайваст ва гумкардаҳои худро аз нав меёфт:

Гузашта аз баланду пасти дунё
Ба оғӯши ту оям боз фардо.
Равам аз маҷлису ғавғои бисёр,
Бипечам дар ҷаҳони орзуҳо...
Дилам бо орзу пур мекунӣ боз,
Чи гум кардам ту ҳозир мекунӣ боз.
Ду чашмам бор мебардорад аз бахт,
Маро, кӯҳсор, шоир мекунӣ боз.

Навбаҳорон, вақти дамидани сабзаҳову шукуфтани гулҳои рангоранг бо қуттиҳои замбӯрҳои асалаш роҳи дараи сергулеро пеш мегирифт ва ба ҳосилҷамъкунии замбӯрҳо зеҳн мемонд. Аз гул ба гуле, аз бутта ба буттае нишастану шира гирифтан чӣ қадар заҳмат, сабр ва ҳаракатро талаб мекунад.

пешина
аз 94
навбатӣ