Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҷаб кайфияте, ҳикмате, панде дорад тамошои ин манзараҳо. Одамиро лозим аст, ки аз ҳар ҷонвараке ибрат гирад...

Олами ҳар як эҷодкор олами афсунгарест, ки на ҳамаву на ҳамеша ба дарку фаҳмиданаш қодир мебошем, ба қадру қиматаш мерасем. Ҳар эҷодкор оламе дораду бо оламе моро тарк мегӯяд, ки мутаассифона, сирру асрори оламаш нокушода мемонад. Мутаассифона, ҳангоми зиндагиаш кӯшише барои ифшояш намекунем...

Чӣ илоҷ, ки ҳама шири хом хӯрдаем ва гармию сардии зиндагӣ ҳам пухтаву суфтаамон накарда. Агар чунон набудӣ, ба таҳқиқу баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи эҷодиёти адибону олимон, ҳофизону оҳангсозони маъруфамон ҷиддитар машғул мешудем, ба қадри заҳматашон мерасидем ва қадрдониашон мекардем. Аз ҳама муҳимаш озорашон намедодем. Худбину кӯри дигарон намешудем...

Баҳром Фирӯзи шоир ба наср рӯ овард ва аввалин ҳикояи худро бо номи «Бобо» соли 1972 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расонд, ки дар назари бисёриҳо санҷиши қалам ва ҳаваси шоирона намуд. Вале насри шоир таваҷҷӯҳи адибони маъруфу мунаққидони нуқтасанҷро, аз қабили Мирзои Турсунзода, Мирсаиди Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалики Баҳорӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ба худ кашид ва маслиҳат доданд, ки «Баҳром, шеърат хуб аст, аммо насрат хубтар омад, домани ин шуғлро сидқан сахт бигир».

Аз маслиҳати дилсӯзонаю суханони ғамхорона адиб рӯҳ гирифт ва ба насрнависӣ ҷиддӣ машғул шуд.

Сабаби аз назм ба наср рӯ оварданашро ӯ дар пешгуфтори яке аз китобҳояш чунин маънидод карда буд:

«Чи шуд, ки ман ҳамчун шоир ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаму ба ин тариқа зуд дастгоҳи шеърро бастам ва гӯё аз шоирӣ истеъфо намудам ва рӯи ихлосу иродат ба ҷониби наср овардам? Ин матлабро бисёр китобхонон ва ҳаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваҷҳи тангии чорчӯбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд. Аз ин хусус хеле андешидаам ва ҳақиқати кори ман ин аст, ки мавзӯъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барниҳодааст. Шеър ҳикмат аст, сӯз аст, оҳанг аст, панди рӯзгор аст, хулосаест аз зиндагӣ, вале он ба ҳеҷ ваҷҳ тасвири комил ва возеҳи зиндагӣ нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон. Агар дар замони Рӯдакӣ таълифу қиссаву романҳои воқеӣ расм мебуд, мо имрӯз ҳаёту зиндагӣ, андешаву омоли ниёгонамонро нисбат ба ахбори ҷамъи китобҳои дигар равшантар қиёс мекардем...»

пешина
аз 94
навбатӣ